Маълумоти охирин

МОДДА

moddaМОДДА (ар. — чиз, асл, модият), як навъ материяро гуянд, ки бар хилофи майдони физики массаи сокин дорад (ниг. Масса). Модда дар нихояти кор ва аз зарбахои элемен­тарии (асосан аз электронхо, протонхо, нейтронхо) иборат аст, ки мас­саи сокини онхо ба сифр баробар нест. Дар физикаи классики Модда ва майдони физики хамчун ду навъи материя ба хам мутлакан мукобил гузошта мешуд, зеро таркиби аввалиро мунфасил ва таркиби охириро муттасил хисоб мекарданд. Дар зимни физикаи кванти, ки сиришти дучихатаи микрообъектро кашф на­муд, (маълум шуд, ки дар як зарра хам мавч асту хам корпускула) ба чунин мукобилгузори асос намонд. Ошкор шудани робитаи мутакобилаи Модда ва майдон боиси амиктар шудани тасаввуроти пешина оид ба тар­киби материя гардид. Дар ин асос категорияхои Модда ва материя аз хам катъи чудо карда шуданд (дар таърихи чандинасраи фалсафа онхо айният дониста мешуданд), акнун материяро ба маънои фалсафи истифода бурда, дар физика ва химия бо­шад, мафхуми Моддаро нигох медоранд. Дар шароити замини Модда дар чор холат — газ, моеъ, чисми сахт ва плазма дучор меояд. Инчунин тахмил мекунанд, ки Модда дар холати комилан нав — холати бехад зич (чунончи, дар холати нейтрони) вучуд дошта метавонад. Ниг. Пульcapхo.

Ад.: Вавилов С. И., Развитие идеи вещества, Собр. соч., т. 3. М., 1056; Структура и формы материи, М., 4967.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.