Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД

МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД

modaroni-serfarzandМОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД, модароне, ки 3 нафар ва зиёда аз он фарзанд доранду конунгузории СССР барои онхо имтиёзоти муайян мукаррар кардааст. Аз соли 1981 cap карда ба занхои коркуне, ки 2 нафар ва зиёда аз он фарзанд доранд, то 12-солагиашон ба онхо: а) отпуски 3-рузаи иловагии музднок дода мешавад, ба шарте, ки рузхои отпуск аз 28-рузи календари нагузарад; б) хукук барои отпуски иловагии бемузд барои нигохубини кудак то 2-хафта бо розигии маъмурият, дар сурате, ки истехсолот ба ин имконият дихад; в) дар панчсолаи 11-ум то 14 руз зиёд кардани давраи нигохубини кудаки бемор. Дар ин сурат 50 фоизи музди кор дода мешавад. Бо максади тар­бия кардани кудакхои хурдсол ба занхо имтиёзхои гуногун пешбини шудааст: а) ба занхое, ки стажи умумии кориашон на камтар аз як сол ва занхое, ки аз истехсолот чудо нашуда тахсил мекунанд, то 1-сола шудани кудакашон кисман музди от­пуски иловаги дода мешавад. Мас., барои районхои Шарки Дур, Сибирь ва районхои шимолии мамлакат мохе 50 сум ва барои дигар районхо (аз чумла, РСС Точикистон) то 1-сола шудани ку­дак мохе 35 сум дода мешавад; б) дар оянда барои тарбияи кудак то 1,5 сол ва баъдтар то 2-солагиаш додани от­пуски иловаги пешбини карда шуда­аст. Бо максади баланд бардоштани таъминоти моддии оилахои фарзандор: а) дар панчсолаи 11-ум ба модарони коркун ва модароне, ки аз истехсолот чудо нашуда тахсил меку­нанд, хангоми таваллуди кудаки якум дар хачми 50 сум, хангоми та­валлуди кудаки дуюм ва сеюм ва ку­дакони минбаъда 100 сум дода меша­вад; б) аз соли 1981 cap карда зиёд кардани хачми ёрдампулии давлати ба модарони танхо пешбини шуда­аст, яъне барои дар як кудак то 10- солаги (хонандагоне, ки стипендия намегиранд то 18-солаги) мохе 20 сум дода мешавад. Ба Модарони серфарзанд дар вакти нафакадихи низ имтиёзхо мукаррар гардидааст. Занхое, ки 5 ё зиёда аз он кудак таваллуд карда, то 8-солаги тарбия кардаанду стажи кориашои аз 15 сол кам нест, дар синни 50-солаги ба нафакаи кудаксоли баромадаи хукук пайдо мскунанд. Аз соли 1981 хангоми таъин кардани нафакаи кудаксоли стажи кор пурра набошад хам, ба модароне, ки 5 ва аз он зиёд кудак доранд, кудакони аз бачаги инвалид таваллудшударо тар­бия кардаанд, имтиёзхои иловаги мукаррар карда шудааст.

Барои Модарони серфарзанд орден ва медалхои махсус таъсис шудаанд: «Кахрамонмодар», «Шарафи модари», «Медали модари». Ба заноне, ки 10 фарзанд таваллуд ва тарбия кардаанд, унвони фахрии «Кахрамонмодар» ва гра­мотаи Президиуми Совети Олии СССР дода мешавад. Ниг. низ Медалхои СССР, Орденхои СССР.

Ад.: Дарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР аз 22 январи 1981, 235. «Дар бораи пурзур кардани ёрии давлати ба оилахои кудакдор».

К. Холимов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.