Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОБИЛИЗМ

МОБИЛИЗМ

mobilizmМОБИЛИЗМ (аз лот. mobilis —харакаткунанда), фарзияи геотектоники, ки он дар як муддати геологи ба масофахои хеле калон (то чандин хазор км) чойивазкунии уфукии ма­терикхои кишри Замин (литосфера)-ро нисбат ба якдигар ва ба кутбхо дар назар дорад. Мобилизм ба фиксизм тамоман зид аст. Хануз дар асри 19 оид ба харакати материкхо хар гуна акидахо баён карда мешуданд. Ва­ле соли 1912 геофизики немис А. Веге­нер бори нахуст фарзияи аз чихати илми кор кардашуда — «назарияи сайри материкхо»-ро пешниход намуд. Варианти хозираи Мобилизм «тектоникаи нави глобали» (ё «тектоникаи плитахо») бештар ба натичахои омухтани рельефи каъру майдонхои магнитии укёнусхо, инчунин ба маълумотхои палеомагнетизм асос ёфтааст. Мувофики ин тасаввурот чойивазкунии сусти (ба хисоби миёна соле 1—5 см) плитахои яклухт ба амал меояд, ки он натанхо материкдорахо, балки нохияхои калону хамшафати кишри укёнусро якчоя бо кисмхои болоии мантия дарбар мегирад. Плитахо ба ду тараф — аз каторакуххои байниукёнуси ру ба минтакахои чавони чиндор (каторакуххои Анд, Химолой) ва силсилаи чазирахо аз хам чудо шуда истодааид. Дар ин чо кад-кади кафидахои уреби серзилзила хеле чукур (то 700 км) фуру нишастани тарафи пеши яке аз ду плитаи дучоршуда руй медихад, дар кишри материкии плитаи дигар аз таъсири фушурдашави чинхо ва ругечахо, дар паси плитахои харакаткунанда (назди каторкухои байниукё­нуси) бошад, аа кашидашави рифтхо ба амал меоянд.

Дар асоси монандии сохти геоло­гии кисмхои парокандашудаи материкхои эраи палеозой — Гондеана, Лавросиё ва мувофикати тархи нишебихои материкии онхо чандин тачдиди палеотектоники пешниход карда шудааст. Чунин сохти геологиро маълумотхои палеонклими ва налеомагнити тасдик намуда, гувохи медиханд, ки дар охирхои эраи па­леозой кисмхои гуногуни Гондвана ба Кутби Чануби назар ба хозира хеле наздик ва Америкаи Шимоли дар карибихои Европа вокеъ гардида буданд. Чойивазкунихое, ки дар давоми эрахои мезозой ва кайнозой руй додаанд, боиси кариб тамоман бархам хурдани укёнуси геосинклиналии Тетис ва пайдоиши укёнусхои нави Хинд ва Атлантик гардиданд.

Ад.: Кропоткин П. Н., Эволюция Земли. М.. 1904.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …