Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЗОЧ

МИЗОЧ

mizochМИЗОЧ (ар. Л — сиришт, ниход, табиат, хулк) — хусусияти ботинии табиии одам, мувофики назарияи тибби кадим ва тибби халкии як катор мамлакатхои Шарк сиришт ва табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур (ё аносири арбаа): оташ, бод, хок ва об ба хам мерасад. Мизоч дар асоси иртибот ва алокамандии чор унсур, ки ном бурда шуданд, 4 хилт (моддахои асосии моеъи дохили бадан — хун, балгам, сафро ва савдо) ва 4 хусусия­ти иклими — харорат (гарми), бурудат (хунуки), рутубат (нами) ва юбусат (хушки) кашф ва мукаррар карда шудааст. Онхо ба табиати 4 фасли сол (бахор, тобистон, тирамох ва зимистон) ва 4 узви асосии бадан (дил, майна, силура ва чигар) нисбат дода шудаанд (ниг. расми 1). Назарияи Мизоч аз кадимтарин ва машхуртарин назарияхои илми тиб мебошад. Ба акидаи бисёре аз уламои тиб чор унсур, ки онхоро аркон ё асли хамаи чисмхо низ меноманд, басит (гайри мураккаб) будаанд, яъне бо гайри зоти худ таркиб наёфтаанд ва хангоме, ки аркон бисёр реза-реза мешаванд, аъзои онхо бо хам омехта гардида, ба хадде феълу афъол менамоянд, ки сурати вахдати кайфияти дигаре, сурати вахдони хосил мекунанд, ки он Мизоч аст. Сабаби пайдоиши беморихо, тамоми хусусиятхои физиологии бадани инсон (аз кудаки навзод то кухансолон), норасоихо ва дигаргунихои иклимию чугрофи дар аснои бемори, табиати хурок, нушокихо, дорухо ва г. хама вобаста ба Мизоч дониста мешуд. Ба коми Арасту, Букрот ва Чолинус ахлоти чахоргона (чор хилт), яъне хун, балгам, сафро ва савдо, хар кадом дар бадани ин­сон аз унсурхои мухими беруна (аз 4 унсур) ба вучуд меоянд. Ибни Си­но ин назарияро рад намуда, исбот мекунад, ки ахлоти чахоргона дар дохили узвхои худи бадан хосил ме­шаванд. Ахлоти чахоргона дар як

ранг, дар як холат ва мизоч намеистанд, балки хамеша дар холати тагйир ва харакат мебошанд ва манбаи куввахои асосии организм хайвони, нафсони, хис, харакат ва тафаккур) ба шумор мераванд. Тавсифи ин ахлот, табиати онхо, салохият ва фоидаи онхо дар бадан дар чадвал дода шудаанд ( ниг. Чадвал).

Физиологи рус И. П. Павлов нахустин бор хелхои мизочи одамонро аз руи навъхои системаи асаб чудо карда, 4 гурухи онро — сангвини (дамави), холери (савдони), меланхоли (сафрои) ва флегмати (балгами) мукаррар ва аз чихати илми асоснок намуд, ки ин гуруххо ба назариян Мизоч мувофикат мекунанд ва хар яке аз онхо, чунон ки дар чадвал дида мешавад, ба афзалияти ин ё он хилт дар бадан алокаманд аст.

Мизочи инсон ба чигунагии омезиши чор унсур ва 4 хосияти онхо вобастааст. Аз ин чихат Мизоч ба ду навъ таксим мешавад: Мизочи муътадил ва Мизочи гайримуътадил. Ба ибораи тибби гуем, «чун ачзои аркон (чор унсур) мумосси якдигар шавад, кай­фияти мутазодаи баъзе дар баъзе амал кунад ва агар мизоч бар манхачи васат (ба якдигар майлнакунанда) дар миёни кайфиёти мутазода вокеъ шавад, чунин мизочро муътадили хакики хонанд. Чунин мизоч вучуд надорад, онро факат ба тарики фараз тавон ангошт». Яъне Мизочи муътадил (Мизочи одами чавону солим, ки аз хар як хат — аз чихати кувва, хис, тафаккур, заковат ва г. комил бошад) дар табиат вучуд надорад ё кам вомехурад. Аммо Мизоче, ки дар миёни кай­фияти мутазода моили якдигар бо­шад, яъне Мизочи гайримуътадил, иборат аз 8 кисм аст: 1) факат моил ба харорат (гарм); 2) факат моил ба бурудат (хунук); 3) факат моил ба рутубат (тар); 4) факат моил ба юбусат (хушк); 5) моил ба харорат ва юбусат (Мизочи оташ); 6) моил ба харорат ва рутубат (Мизочи обу хаво); 7) моил ба бурудат ва юбусат (Мизочи хок) ва 8) моил ба бурудат ва рутубат (Мизочи об).

Мизочи гайримуътадил 4 дарача дошта, хар кадоме ба 3 поя таксим мешавад (ниг. расми 2). Хамаи чисмхо, минералхо, хуроквори, наботот, дорухо, аз чумла узвхои хайвонот, аз руи ранг, буй, таъм ва таъсири худ ба организм мувофики хамин дарачахо ва пояхо тасниф карда шу­даанд 4 дарачаи Мизочро аз руи таъсири дору ба организм муайян мекарданд, ки меъёри он такрибан чунин буд (ба ибораи тибби): 1) агар микдори ками он ба бадани аддос (чавон ва солим) кайфияте зиёду голиб нанамояд, микдори бисёр ва такрори истеъмоли он тагйири каме намояд, аммо нокису мухтал (вайрон) насозад, дарачаи аввали гуянд; 2) агар микдори ками он кайфияти голиб ва зоид намояд, аммо зиёдатии микдор ва такрори истеъмоли он ба хадди зарар ва фасод нарасад, дарачаи сония номанд;

о) агар зиёдатии микдор ва касрати истеъмоли он ба зарару фасод ва

гарм бошанд, ба он дору то дарачаи муайяи гиёх ё хурокхои табиатан хунук илова карда мешуд ва г. Му­вофики назарияи тибби кадим Мизочи одамон ба чинс, синну сол, иклим вобастааст. Дар «Ал-конун» гуфта мешавад, ки Мизочи кудакон ва наврасон назар ба калонсолон гармтар ва намноктар, Мизочи кухансолон сарду хушк, Мизочи занон назар ба Мизочи мардон хунуктар ва намноктар, Мизочи сокинони мамлакатхои шимол назар ба Мизочи шахсоне, ки дар чануб истикомат мекунанд, намноктар аст. Ба хар узви дохилии бадан Мизочи махсусе низ хос мебошад. Ба кавли Ибни Сино тартиб ва нисбати узвхои гарми бадан чунин аст: гармии Мизочи рух зиёдтар аст (>) аз дил > хун > чигар > шуш > мушакхо > силура, гурда ва г; узвхои Мизочи хунук: балгам хунуктар (>) аз чарбу > муй > устухон > тагояк > пайдо > пардахо > асабхо > харом мгз > майнаи cap > пуст ва г; узвхои тар: рутубати балгам зиёдтар аст (>) аз хун > равган > майнаи cap, хароммагз > пистон > тухмдон > шуш > чигар > силура > гурда > мушакхо > пуст; узвхои Мизочи хушк: хушкии муйдо зиёдтар (>) аз усту­хон > тагояк > пайхо > пардахо > рагхо > асабхои харакат > дил > асабхои хиссиёт > пуст. Агзия ва адвия (хурокворихо ва дорухо) ба чунин гуруххо таксим мешаванд:

гиаои мутлак — хурокворихое, ки факат хусусияти гизои дошта, Мизочи одамро тагйир намедиханд;

2)гизои мутлак — моддахое, ки хосияти гизои надоранд, вале метавонанд Мизочи одамро дигар кунанд;

3)гизои давои — моддахое, ки хосияти гизоии онхо назар ба таъ­сири давоии онхо зиёдтар ё кави­тар аст (бодиринг, каду, харбуза, ангур, шалгам, сабзи, мош, лубиё ва г.); 4) давохои гизои — модда­хое, ки таъсири давоии онхо нисбат ба хусусияти гизоиашон зиёдтар аст (наъно, сир, косни, тут, олу ва г); 5) моддаи зулхосиятайн — дар баробари таъсир ба Мизоч боз таъ­сири махсус хам доранд. Мас., захрхо, ки баръакси фаъолияти организм таъсир карда тамоми узвхо, куввахо ва гармии табиии баданро хароб на­муда, боиси дарду машаккат ва хатто холати марговар мегарданд; подзахрхо ва тарьёкхо, ки бо таъсири махсуси худ куввахо, гарми ва танзими баданро баркарор, таъсири захрхоро бартараф ва организмро солиму мустахкам менамоянд. Ба назарияи Мизоч, бо вучуди норасоихои илмии он, зотан сирату сурати материалисти хос буд. Бесабаб нест, ки ин назария дар тиб дар муддати 2,5 хаз. сол макоми бузург дошт.

Ад.: Абуали Ибни Сина. Ка­нон врачебной науки. Кн. 1. Ташкент, 1954; Капранов В. А.. Хошимов Р., Хикмати асархо. Д., 1975.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …