Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МИРЪОТ-УЛ-ХАЁЛ»

«МИРЪОТ-УЛ-ХАЁЛ»

mirot-ul-hayol«МИРЪОТ-УЛ-ХАЁЛ» («Оинаи хаёл»), тазкираи Шерхони Луди. Таълифаш солхои 1690—91 ба анчом расидааст. Шерхон аслан хироти буда, баъд аз касби камол ба Хиндустон рафта аст. «Миръот-ул-хаёл» 115 шоир ва 15 шоираро дар бар гирифта, дорои дебочаест, ки дар он муаллиф оид ба назму наср, афзалияти назм бар наср бахс кардааст. Шархи холи шоирони кисмати аввали тазкира, чунонки муаллиф гуфтааст, аз тазкирахои пешин иктибос ва накл шуда, фаслхои минбаъда ба калами худи у тааллук доранд. Муаллиф дар зикри бисьёре аз адибон, илова ба намунахои ашъор намунахои нас­ри онхоро низ сабт намудааст. Доир ба шоирони мутакаддим мухтасар, вале дар боби муосирони худ муфассалтар сухан рондааст. Муаллиф дар чараёни накли лахзахои хаёти шоирон доир ба масъалахои ахлок, ишк, мусики ва г. бахс мекунад. Дар хотимаи «Миръот-ул-футух» шархи хол ва намунаи ашъори худи муаллиф дарч гардидааст. Матни «Миръот-ул-футух» се маротиба (1831, 1846 ва 1946) дар Хиндустон ба табъ расидааст. Тазкира дар масъалаи омухтан ва равшаи кардани лахзахои хаёт ва фаъолияти адабии шоирони форсизабони Хиндустон ва умуман адабиёти форс-точик ахамияти калон дорад.

Э. Ахрори, С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …