Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОШОЕВ Султон

МИРЗОШОЕВ Султон

nophoto-manМИРЗОШОЕВ Султон (таваллуд 1932, дехаи Гapгapaи pайони Дангара), ходими партиявию совети. Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз соли 1951. Фаъолияги мехнатиро аз 14-солаги сар кард. Солхои 1946—51 муаллими мак­табхои ибтидои, хафтсола, мудири шуъбаи мактабхо, котиби комитети комсомолка райони Дангара. Соли 1954

Институти муаллимтайёркунии Кулобро хатм кард. Соли 1953 саринспектор, чонишини мудири шуъбаи маорифи халки вилояти Кулоб, солхои 1953—56 дар сафи Армияи Совети хизмат карда­аст. Солхои 1957—1959 котиби якуми комитети комсомолии ш. Кулоб, котиби дуюми комитети партиявии райони Восеъ, 1960—61 котиби якуми КМ ЛКСМ Точикистон, 1961—64 котиби якуми комитет партиявии райони Восеъ. Соли 1963 Институти давлатин педагогии Кулобро гоибона тамом кард. Соли 1964 ташкилотчии КМ ПК Точикистон оид ба Управленияи территориявии истехсолии Кулоб. солхои 1964—66 дар Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС (ш. Москва) тахсил менамояд. Солхои 1966—67 инспектори шуъбаи ташкили партиявии КМ ПК Точи­кистон, 1967—73 раиси Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Точикистон оид ба кинематография, 1973—79 намояндаи доимии Совети Вазирони РСС Точикистон дар назди Совети Вазиро­ни СССР. Аз декабри 1979 Вазири маданияти РСС Точикистон. Дар съездхои 13—18 ПК Точикистон аъзои КМ ПК Точикистон, номзад ба аъзоии Бюрои КМ ПК Точи­кистон (1960—61) интихоб шудааст. Депутати Совети Олии РСС Точикистон (даъватхои 6—9). Аз соли 1967 узви ИК СССР. Коркуни Хизматнишондо­даи РСС Точикистон (1982). Мирзошоев бо 2 ордени Байраки Сурхи Мехнат, ор­дени «Нишони Фахри», чандин ме­дальхо, аз чумла бо ду медали тиллои НКХХ СССР ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.

Ао.: Рохи кинои точик, Д., 1973.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …