Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОШАМСИ БУХОРОИ

МИРЗОШАМСИ БУХОРОИ

nophoto-manМИРЗОШАМСИ БУХОРОИ (таваллуд 1804 — соли вафот номаълум), муаррихи точик. Аз оилаи мансабдори дарбор. Мирзошамси Бухорои чанд муддат дар дарбори амир Насруллох хизмат кард. Ба сабаби низоъхои дарбориён аз дарбор дур гашта бо тичорат машгул шуд. Соли 1859 «Баёни баъзе хаводисоти Бухоро, Хуканд ва Кошгар» ном асаре навишт, ки он таърихи ба тахт нишастани амир Гайдар, тасвири юриши у ба Марв тасвири ошубхои кипчокхо, зиддиятхои дарбори ва ёдгорихои меъмории шахрхои Осиёи Миёнаро дар бар мегирад. Китоб аз асархои анъанавии муаррихони гузашта фарки чидди дорад. Дар таълифи он маъхазхои муътамад истифода нашуданд. Дар асар баъзе ходисаву вокеахо баргалат, танхо аз руи накли шахсони чудогона ва ривоятхо шарх ёфтаанд. Сарфи назар аз камбудихо, асар кимати муайяни илми дорад. Он бо лахчаи точикони Бухо­ро навишта шудааст. Аз ин ру, асарро хамчун маъхаз рочеъ ба таъри­хи забон истифода бурдан мумкин аст.

Ад.: Ученые записки Императорского Казанского университета, кн. I, Казань. 1861.

К. Вобоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …