Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОХУСАЙНИ ТАНБУРИ

МИРЗОХУСАЙНИ ТАНБУРИ

nophoto-manМИРЗОХУСАЙНИ ТАНБУРИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, бастакор, мусикидони авваллуи асри 16 ва oхири асри 17 точик. Зодгохаш Бухоро. Санъати мусикиро аз падараш омухт. Аз овони чавони ба омухтани шеъру мусики, сарфу нахв, ахлок, фалсафа ва дигар илмхо машгул шуд. Махсусан ба санъати мусики ва омухтаии таркиботи он бештар шугл варзид. Дар навохтани танбур устоди замона гардид. Мирзохусайни Танбури барои такмили хунар ба шахрхои Самарканд, Хирот, Насаф сафар карда, амалияву назарияи му­сикиро аз худ менамояд. Дар Самарканд ба Хоча Чаъфари Конуни, Амир Алиакбари Конуни ва дигарон шиносои пайдо карда, назарияи санъати мусикиро омухта, рисолае бо номи «Бухур-ул-алхон ва аруз» тартиб додааст, вале мутаассифона он то замони мо Мирзохусайни Танбури нарасидааст. Мирзохусайни Танбури муаллифи асархои зиёди мусики, мисли «Савти Танбури», «Гардуни Танбури», «Мухаммаси Танбури», «Пешрави Танбури» хисоб меёбад.

А. Рачабов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …