Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОЕВ Абдулгани Мухаммадович

МИРЗОЕВ Абдулгани Мухаммадович

МИРЗОЕВ Абдулгани Мухаммадович (12. 12. 1908, ш. Китоби вилояти Кашкадарёи РОС Узбекистон —16. 8. 1976, Душанбе), адабиётшиноси советии точик, академики АФ РОС Точикистон (1957; аъзо-корр. 1951), доктори илмхои филологи (1957), профессор (1960), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Точикистон (1959) ва РОС Узбекистон (1966). Аз оилаи зиёи. Баъди хатми факултети шаркшиносии Университети давлатии Ленинград (1939) дар Институти педагогии ш. Душанбе аз забоншиноси ва таърихи забони точики дарс мегуяд. Референти сафоратхонаи СССР дар Эрон (1942—44), мудири сектори адабиёт (1945—47), директори Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали точикистонии АФ СССР (4947—51), мудири сектори адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти АФ РОС Точикистон (1951—58), мудири Шуъбаи шаркшиноси ва директори Институти шаркшиносии АФ ОС Точикистон (1958—76) буд. Хамчун узви хайати вакилони совети дар конгрессхои байналхалкии шаркшиносон (XXIV — Мюнхен, 1957; XXV — Москва, 1960; XXVI —Дехли, 1964) иштирок дошт. Фаъолияти адабиаш аз соли 1926 огоз ёфтааст. Маколаву очеркхояш бо тахаллусхои «Гулхани», «Шахиди» ва «Абдулгани» дар г-хои «Овози точик», «Бедории точик», «Точикистони сурх» ва ж. «Барои адабиёти социалисти» ба табъ расидаанд.

Аввалин асари илмии Мирзоев «Дар атрофи палеонтологияи забон» (1936) буда, пас аз он доир ба масъалахои забон, адабиёт ва фольклор як катор макола ва китобхои у чоп шудаанд. Мирзоев дар китоби «Сайидо ва макоми у дар таърихи адабиёти точик» (1947) на факат як симои барчастаи адабиёти точикро кашф кард, балки дар таквияти равияхои пешкадами адабии давраи шоир мавкеи асоси доштани эчодиёти адибони давраи хунармандонро низ муайян намуд. У зимни тадкики хусусиятхои адабиёти асри 17 собит кард, ки ин давра хамчун давраи инкишофи минбаъдаи адабиёти пешина дар таърихи маданияти халки точик мавкеи хос дорад. Кисми зиёди тадкикоти Мирзоев ба адабиёти баъд аз асри 15 бахшида шудаанд, ки кам омухта шуда буд. Мирзоев доир ба сарчашмахои адаби, оид ба зиндаги ва фаъолияти адибони чудогона як микдор маколаю рисолахо дорад. Танхо доир ба хаёти Малехои Самарканди ва тазкираву «Музокир-ул-асхоб» чор макола: «Мухимтарин сарчашма доир ба таърихи адабиёти асри XVII», «Тазкираи Малехо ва як катор масъалахои таърихи», «Малехо — мухаккики назми асри XVII», «Бори дигар дар бораи тазкираи Малехо» (ж. «Шарки Сурх», 1940—61) таълиф намуда, дар Конгресси байналхалкии шаркшиносон (Москва, 1960) низ дар хамин мавзуъ суханрони кардааст. Доир ба хаёт ва фаъолияти Мулхами Бухорои (1948), Бадруддини Хилоли (1948), Сайфии Бухорои (1956) ва Камолуддини Бинои (1954—56) як силсила маколахо дорад. Соли 1957 тадкикоти пурарзиши у — «Бинои» дар шакли китоби алохида нашр шуд. Ба муносибати чашни хазорсолагии Абуали ибни Сино ва хазору садсолагии Рудаки маколаву рисолахо нашр кард: «Хикояхо оид ба Ибни Сино ва шахсияти у» (1953), «Рудаки ва инкишофи газал дар асрхои XXV» (1957; ба хуруфоти араби; тарчумаи руси, 1958), «Абуабдулло Рудаки» (1958; тарчумаи руси, 1965). Чанде аз асархои тадкикотии Мирзоев ба эчодиёти Ахмади Дониш ва тахлили асархои чудогонаи у бахшида шудаанд: «Ахмади Дониш ва вокеахои катли оми кипчокхо дар нимаи асри XIX», «Ахмади Дониш ва гузориши масъалаи истифода бурда шудани оби дарьёи Ому ва г. Дар ин маколахо муносибати чараёни маорифпарвари ба тамоюли халкии адабиёти гузаштаи форс-точик пайваста тадкик шудааст. Яке аз сохахои фаъолияти илмии Мирзоев омузиши равобити адабии халки точик бо халкхои дигари Ватанамон ва Шарки хоричи буд: «Аз таърихи равобити адабии Мовароуннахр ва Хиндустон дар нимаи дуюми асри XVI ва аввали асри XVII» (1963), «Алишер Навои ва Хоча Хофиз» (1966), «Робитахои адаби ва таърихи адабиёт» (1968), «Алишер Навои ва Абдурахмони Чоми» (1968) ва г. Асархои тадкикотии Мирзоев ба забони руси ва дигар забонхо нашр гардидаанд. Монографияи «Абу Абдулло Рудаки»-и у дар Эрон (1975) ба табъ расид. Хизмати Мирзоев дар нашри осори адаби низ мухим аст. Аз чумла «Девони мунтахаби Сайидо» (1944), «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития»-и Ахмади Дониш (I960), «Ашъори хамасрони Рудаки» (1958), «Осори Рудаки» (1958), «Хикоят ва тамсилот»-и Бинои (1953), «Асархои мунтахаб»-и Чоми (1964) ва Хисрави Дехлави (1971—75) бо иштироки бевосита ва бо рохбарии у чоп шудаанд. Дар таълифи китобхои дарсии забон ва адабиёти барои мактабхои миёна хамкори дошт. Борхо ба депутатии Совети Олии РОС Точикистон (даъватхои 2—5) интихоб шудааст. Аъзои секцияи шаркшиносони Анчумани умумииттифокии равобити мадани бо кишвархои хоричи, аъзои правленияи Анчумани равобити мадании СССР бо мамлакатхои араб, инчунин муовини раиси Анчумани равобити мадании Точикистон бо мамлакатхои араб буд. Аз соли 1948 узви ИН СССР. Бо 2 ордени Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени «Нишони Фахри», медалхо, Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.

Ос.: Сайидо ва макоми у дар таърихи адабиёти точик, Сталинобод, 1947; Бинои, Сталинобод. 1957; Абу Абдулло Рудаки, Сталинобод, 1958; Сездах макола. Д.. 1977.

Ад.: Писатели Таджикистана, Д., 198Г. Мираоев А. М. (Библиография). Д., 1965.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …