МИРЗОЧУЛ, дашти Мирзо, дашти хамворест дар Осиёи Миёна, дар терр. Вилоятхои Сирдарьёи РСС Узбекистон, Чимкенти РСС Казокистон ва pайони Зафарободи вилояти Ленинободи РСС Точикистон. Масохаташ 10 хазор км2, баландиаш аз сохили б. 230—385 м. Мирзочул дар Ш. то д. Сир, дар то хамворихои наздикухии каторкуххои Туркистону Нурато кашол ёфтааст; дар назди д. Сир бо зинахои баландиашон 6—20 м. интихо меёбад. Дар Шим. ва Шим. г. дашти Мирзочул то биёбони Кизилкум тул мекашад. Мирзочулро аз Кизилкум пастии Арнасой чудо мекунад. Мирзочул дар се суфаи кадимии д. Сир чой гирифтааст ва руи онхоро чинсхои лёссмонанд, кисми чанубии Мирзочулро бошад, тахнишастхои пролювиали (селовард) пушидаанд.
Сатхи Мирзочул хамвор буда, ба суи Шимол ва Шимолу Гарб тадричан паст шуда меравад. Кисми чанубиаш чаридор. Дар водии д. Сир осори манрохои хушкшуда ва теппахо боки мондаанд. Мирзочулро аз Чанубу Шимол. ба Шимолу Гарб якчанд пастихои тулони (Сардоба, Карокарой, Шурузак), ки чараёнгоххои кадимии д. Сир мебошанд, бурида мегузаранд.
Иклимаш нихоят континенти, тобистонаш гарми хушк, зимистонаш сарди камбориш. Харорати миёнаи июль 27,9° С, январ—2,1 С. Микдори боришоти солона 204—428 мм. Оби дарьёхо (Сангзор, Зомин, Хонамушкент, Пешгор, Работ ва г.), ки аз каторакухи Туркистон ва к. Молгузар чори мешаванд, баъди гузаштан аз кух пурра барои обёрии) заминхо сарф мешаванд. Обхои зеризамини начандон чукур чойгиранд. Дар хамворихои пролювиали хоки хокистарии мукаррари, дар кисми маркази ва наздикухи хоки хокистарранги равшан, дар пастихо шурхок дучор меояд. Набототи кисми бекорхобидааш хусусияти биёбони дошта, асосан аз эфомерхо иборат аст. Бахорон бешахои биёбони, чорубак, чо-чояшон, шура, шибог, юлган, боллич меруянд. Аз хайвонот муш, мор, баъзан харгуш, рубох ва г. вомехуранд.
Аз худ намудани Мирзочул охирхои асри 10 огоз ёфт. Соли 1805 ба масофаи 84 км канале кофта шуд, ки он 7600 га заминро обёри мекард. Соли 1013 канали Князарик холо ба номи С. М. Киров) ба истифода дода шуд. Соли 1014 инженери рус Г. К. Ризенкампф схемаи асосии обёри намудани Мирзочулро мураттаб сохт, ки мувофики он 540 хазор га замин аз худ карда мешуд, вале ин накша дар давраи Россияи подшохи амали нагардид.
Мирзочул асосан баъди Револбтсияи Октябрь аз худ карда шуд. 17 май 1918 СКХ дар Туркистон ташкил намудани корхои обёри декрет кабул кард, ки мувофики он мебоист 500 хазор десятина замини Мирзочул аа худ карда мешуд. Солхои 1922—24 заминхои нав аз худ карда шуданд. Соли 1920 В. И. Ленин як гурух мутахассисонро барои аз худ намудани заминхои лаоташва сафарбар намуд ва онхо тобистони хамон сол ба Мирзочул омаданд. Масохати заминхои обёришавандаи Мирзочул агар соли 1921 20 хазор га бошад, пас 1924 ба 50 хазор га, 1928 ба 67 хазор га расид. Солхои 1939—40 мувофики карори махсуси хукумат 60 хазор га шурзамин ва ботлокзор аз худ карда шуда, соли 1941 микдори он ба 90 хазор га расид. Баъди сохта шудани гидроузели Фарход (1948) ва обанбори Кайроккум (1965) навъи обёрии Мирзочул бештар гардид. Соли 1956 майдони обёрии Мирзочул ба 205,5 хазор га расид. Ташкилоти «Главголодстепстрой» таъсис ёфт. Дар Мирзочул холо корхои зиёди мелиоративию ирригациони бурда мешавад. Мувофики лоихаи асоси канали ба номи С. М. Киров дарозу васеътар карда, Канали Маркази ва Канали Чануби Мирзочул, инчунин як катор коллекторхо ба кор андохта шуданд. Бо максади вусъат додани корхои азхудкуни ва обёрии заминхои нав аз пастии Арнасой хамчун обанбори сунъи (холо Хайдаркул) хеле самарабахш истифода мебаранд. Барои шустани намаки заминхо ва паст гардонидани сатхи оби зеризамини тадбирхои зиёде андешида мешаванд. Дар ин чо ду стансияи илмии тачрибавии СоюзНИХИ кор мебарад. Холо бештар аз 500 хазор га замини лабташнаи Мирзочул аз худ карда шудааст, ки аз он 300 хазор га ба РСС Узбекистон, 160 хазор га ба РСС хазор ва бештар аз 40 хазор га ба РСС Точикистон рост меояд.
18 августи 1958 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Узбекистон 50 хазор га замини кисмии чанубу шаркии Мирзочул ба РСС Точикистон дода шуд ва дар ин чо pайони Зафаробод таъсис ёфт.
Рельефи кисми ба Точикистон гузаштаи Мирзочул хамвор буда, он дар суфаи сеюми д. Сир, дар баландии 250—300 м вокеъ гаштааст, ки ин нуктаи пасттарини республика хисоб меёбад. Он яке аз махалхои сершамоли Осиёи Миёна аст. Шамол асосан аз Чанубу Шарки ва Чанубу Гарб мевазад. Дар ин 40 5 совхози пахтакор ва 1 совхози чангалпарвари барпо шуд. Сохахои асосии ин хочагихо пахтакори, чорводори, зироаткори ва богу токдорист. Заминхо ба воситаи насосхо аз каналхои «Точикастон-1» ва «Точикистон-2» обёри мешаванд.
Дар Мирзочул шахрхои Гулистон, Янгиер, чандин махалхои калони ахолинишин (РСС Узбекистон) ва посёлкахои Зафаробод, Чоми, Мехнатобод, Пахтакор (РСС Точикистон.) буньёд ёфтаанд.
Ад.: Гафуров В. П., Вопросы орошения целинных земель Голодной степи, Ташкент, 1968; Абдунабиев А. Г., Мирзочулнинг бугуни, эртаси, Тошкент, 1964; Петров М. п., пустыни СССР и их освоение, М.— Л , 196’»; Освоение Голодной стели. Сб. ст., М., 1963; Абдунабиев А. Г., Мирзочулии уэлаштириш тарихидан, Тошкент, 1959; Скворцов Ю. А., Бабушкин Л. Н., голодная степь, Физико-географический очерк, Ташкент, 1957.