Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОАЛИИ ЧАНГИИ САМАРКАНДИ

МИРЗОАЛИИ ЧАНГИИ САМАРКАНДИ

nophoto-manМИРЗОАЛИИ ЧАНГИИ САМАРКАНДИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, мусикишинос ва хофизи асрхои 16—17 точик. Дар Миёнколоти Самарканд дар оилаи донишманд таваллуд ёфта, дар чавони ба Самарканд омад. Аз падараш илмхои фалсафа, ахлок, шеъру мусики, ах Хоча Чаъфари Конунии Самарканди таркиботи мусикиро мукаммал омухт. Мирзоалии Чангии Самарканди дар навохтани созхои мусикии чанг, конун, барбат, танбур ва сурудхони ба дарачаи санъаткорони машхури замонаш расид Мирзоалии Чангии Самарканди дар бораи чанг рисолае таълиф намуд ва ин сози мусикиро харчониба тадкик карда, ба устоди худ Хоча Чаъфари Конуни бахшид. Ба писараш — Дарвешалии Чанги пешаи худро омузонида, дар таълифи рисолаи у «Тухфат-ус-сурур» хаматарафа кумак расонидааст. Мирзоалии Чангии Самарканди дар иншои шеър низ сохибзавк буда, девоне мураттаб кардааст. Хабиби Чанги, Махмуди Чанги аз чумлаи шогирдони у мебошаид.

Д. Рачабов.

 

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …