Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОАЛИЕВА Каромат

МИРЗОАЛИЕВА Каромат

nophoto-womenМИРЗОАЛИЕВА Каромат (7.9.1926, ш. Конибодом, вилояти Ленинобод, РСС Tочикистон) ходими давлати ва партиявию совети. Аз оилаи хизматчи. Аъзои КПСС аз соли 1946. Соли 1942 омузишгохи педагогии райони Гармро хатм намуда, дар матбуоти давраги кор кардааст. Солхои 1947—49 шунавандаи Мактаби партиявии Точикистон, 1949 чонишини мудири шуъбаи пропаганда ва агитацияи Комитети партиявии pайони Рохати ва котиби якуми Комитети комсомоли pайони Орчоникидзеобод, 1952—53 чонишини мудири шуъбаи органхои комсомоли КМ комсомоли республика ва мудири шуъбаи корхои маданию маърифати, 1953—1955 котиби дуюми Комитети комсомоли вилояти Кулоб, 1955—1956 мудири сектори шуъбаи органхои партиявии КМ ПК Точикистон. Солхои 1956—60 шунавандаи Мактаби олии партиявии ш. Тошкент, 1960—1963 инструктори КМ ПК Точикистон, 1963—64 инструктори Комитети партиявии ш. Душанбе, 1964—1967 чонишин ва баъд раиси комитети ичроияи Совети депутатхои халкии райони Октябрь, 1967—1970 котиби якуми Комитети партияи pайони Октябрь, 1970—71 аъзои бюро, ташкилии КМ ПК Точикистон ба вилояти Ленинобод, 1971—78 котиби Комитети партиявии вилояти Ленинобод, Аз октябри 1978 вазири таъминоти сотсиалии РСС Точикистон Аз соли 1971 аъзои КИ ПК Точикистон, депутати Совети Олии РСС Точикистон (даъвати 10). Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат. 3 ордени «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …