Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО САЛИМБЕК

МИРЗО САЛИМБЕК

nophoto-manМИРЗО САЛИМБЕК ибни Мухаммадрахим мутахаллис ба Салими (соли таваллуд ва вафот номаълум),. муаррих ва адиби точик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 зиндаги ва эчод кардааст. Гузаштагони Мирзо Салимбек аз Уротеппаанд. Мирзо Ризо барои тахсили илм ба Бухоро омада, сокини ин шахр гардидааст. Чанд гох дар мансабхои расмии аморати Бухоро буда, солхои охири умраш аз кор дур карда шуд. Аз таълифоти у доир ба таърих китобе бо унвони «Кашкули Салими» боки мондааст, ки он доир ба таърихи Бухоро маълумоти гуногунро дар бар мегирад. Мухимтарин хидмати Мирзо Ризо дар чабхаи адабиёт ин аст, ки тазкираи «Тухфат-ул-ахбоб фи тазкират-ил-асхаб»-и Возехро бо «Замима»-и худаш ба чоп расонд. Дар «Замима» шархи хол ва намунаи эчодиёти адибони давраи охири Бyxopo, чун Айни, Хамди, Мунзим, Фитрат ва дигарон, инчуннн намунахои осори худашро илова кардааст. Тазкираи Возех бо «Замима»-и Мирзо Ризо соли 1914 дар Тошкент нашр гардидааст. Матни «Кашкули Салими» низ дар Тошкент ба табъ расидааст.

Ч. Азизкулов.

 

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …