Маълумоти охирин

МИРЗО РИЗО

nophoto-manМИРЗО РИЗО (1907, дехаи Хочачилдиёри Хисор — 25. 5. 1935, хамон чо), муборизи фаъоли мустахкам намудани Хокимияти Совети дар Точикистон, яке аз фаъолони коллективонии хочагии Кишлоки республика. Аз оилаи дехкони камбагал. Аъзои комсомол аз соли 1928. Омузишгохи мусикии ш. Хучандро хатм кардааст (1929). Солхои 1929—35 котиби ячейкаи комсомоли, Чонишини раиси С. к. Ночи, раиси колхози «Инкилоби Cypх» pайони Хисор. Бар зидди босмачиён ва хама гуна душманони Хукумати Совети фаъолона мубориза мебурд. 25 май 1935 бо дасти душманони сохти совети вахшнёна кушта шуд. Холо дар зодгохаш (райони Хисор) яке аз комитетхои ичроияи совети депутатхои халкии кишлок инчунин дружинахои пионери ва яке аз кучахои ш. Душанбе ба номи уст. Повести Х. Назаров «Мирзо Ризо» (1965) ва фильми хуччатии «Номе дар байни номхо» (1971) ба Мирзо Ризо бахшида шудаанд. Редакцияи г. «Комсомоли Точикистон» Мукофоти ба номи Мирзо Ризоро (1974) таъсис намудааст, ки он хар сол ба бехтарин сардорони бригадахои пахтакории комсомолону занон супурда мешавад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …