Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО МАЛКУМХОН

МИРЗО МАЛКУМХОН

nophotoМИРЗО МАЛКУМХОН (тахаллусаш Нозимуддавла; 1833, Исфахон—1908, Лозанна, Швейцария), маорифпарвар, публицист ва драматурги эрони. Аз оилаи ашроф. Дар Париж тахсил кардааст. Мутарчими шахсии шох ва мушовири садри аъзам (сарвазир) буд. Мирзо Малкумхон дар Техрон «Фаромушхона» ном махфиле ташкил намуд, ки дар он як гурух равшанфикрон гирд омада буданд. Максаду мароми асосии махфили у умуман, ислохи башарият ва хусусан, ислохи миллати эрони буд. Соли 1861 бо амри Носируддиншох махфил пароканда ва Мирзо Малкумхон аз Техрон бадарга гардид. Чанд гох ходими сафоратхонаи Эрон дар Туркия, баъдхо сафири Эрон дар Миср, Англия (1872) ва Италия (1899) буд. Мирзо Малкумхон соли 1890 дар Лондон рузномаи форсии «Конун»-ро нашр намуд, ки дар ташаккули насри форси ва афкори пешкадами халкии Эрон роли калон бозид. Мирзо Малкумхон дар рузнома монархияи конституциониро таблиг менамуд, табаддулоти иктисоди ва маданиро талаб мекард, бар зидди чахолату нодони мубориза мебурд. Азбаски дар «Конун» акоиди пешкадами ичтимои таргиб мешуд, дар давраи инкилоби Машрута (1906— 11) 41 шумораи он такроран ба табъ расид. Мирзо Малкумхон муаллифи як силсила рисолаву асархои сиёси, адаби ва публицисти мебошад, ки дар онхо сохти ичтимой ва давлатии Эрони асри 19 танкид шудааст. Мирзо Малкумхон яке аз аввалин шахсоне буд, ки барои тагйири алифбои форси кушиш карда, дар ин чабха бо маорвфпарвари озарбойчони Мирзо Фатхали Охундо мукотиба дошт. Инчунин дар зери таъсири М. Ф. Охундов се драма: «Саргузашти Ашрафхон», «Тарифси хукумати Замонхон дар Бочнурд» ва «Хикояти Карбало рафтани Шохкулимирзоро навишт. Дар ин асархо асосан чахолату нодони, ришвахуриву торочгарии намояндагони хукумати Эрони замони муаллиф танкид шудааст.

Ад.: Бертельс Б. д., Очерк истории персидской литературы, Л, 1928;

Короглы X., Современная персидская литература, М., 1966.

О. Хучамуродов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …