Маълумоти охирин

МИРСАИДАЛИ

nophoto-manМИРСАИДАЛИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 16. Писари минётуркаш Мир Мусаввир. Давраи аввали эчодиёташ дар китобхонаи Табрез гузаштааст. Яке аз минётурхои «Хамса»-и Низоми, ки солхои 1539—43 дар он чо китобат шудааст (дар Музеи Британияи Лон­дон махфуз аст), намунаи хунари уст. Он «Мачнун дар назди хаймаи Лайли» ном дорад. Соли 1544 Мирсаидали ба Хиндустон рафта, дар дарбори Темуриёни Хинд ба нигориши минётур пардохт. У дар ин чо сабки хоси мактаби минётури Табрезро идо­ма дода аст.

М. Ашрафи

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …