Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИРОКИЛОВ Темур Мирзохидович

МИРОКИЛОВ Темур Мирзохидович

nophoto-manМИРОКИЛОВ Темур Мирзохидович (таваллуд 7.11.1929, ш. Куканд, РСС Таб.), иктисодчии советии точик, доктори илмхои иктисоди (1969), профессор (1971). Аъ­зои КПСС аз соли 1953. Мирокилов баъди хатми Институти давлатии педагогии Душан­бе (1952) ассистен­ти кафедраи иктисоди сиёсии Институти Давлатии тиббии Душанбе (1952 —53) аспиранти Институти иктисодиёти АФ СССР (1954—56), ассистент, муаллими калони Институти хочагии кишлоки Точикистон (1957—59), доцент ва мудири кафедраи марксизм-лени­низм (1959—64), мудири кафедраи иктисоди сиёсии хамин институт (аз соли 1964) шуда кор кардааст. Мирокилов аэ соли 1955 кори илми бурда, доир ба иктисодиёти хочагии халк — муносибат ва роххои мустахкам намудани хисоби хочаги дар саноат, колхоззу совхозхо зиёда аз 70 асари илми («Хисоби Хочаги ва даромадноки, арзиш ва арзиши асли», 1961; «Хисоби хочаги ва роххои мустахкам кардани он дар саноат», 1962; «Мустакилии корхо истарабахо ва хисоби хочаги», 1966; «Хавасмандгардонии иктисоди дар шароити нав», 1968; «Хисоби хочаги дар колхозхо», 1969 ва г.) навиштааст. Мирокилов чонишини раиси секцияи иктисодии Шуъбаи осиёимиёнагии ВАСХНИЛ (аз соли 1973) буда, барои тадкики муносибатхои хисоби хочаги ба коркунони муассисахои тадкикоти илмии республикахои Осиёи Ми­ёна ёрии илми мерасонад. Бо орде­ни «Нишони Фахри», медальхо ва Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Стимулхои иктисодии афзун гардонидани самараи истехсолот, Д., 1975; Хозрасчётные фонды потребления как форма распределения по труду, Д., 1969; О системе хозрасчётных категорий, Д., 1975.

У. Таиров.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …