Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИРАБИЛИТ

МИРАБИЛИТ

mirablitМИРАБИЛИТ (аз лот. mirabilis — ачоиб, хайратангез), намаки, минералест аз синфи сулфатхо. Таркиби химиявиаш NarfSOJ ЮН20, Ба микдори 1924% Na*0, 24,85% SOs, 55,91% Н20 дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклини. Кристаллхояш кутох-кутохи призма ва сузаншакл. Мирабилит одатан агрегатхои донадор, хокамонанд ва кабати тунук хосил менамояд. Беранги шаффоф аст, баъзан сафеди хира, зардча ва сабзтоб мешавад. Чилояш шишагун. Сахтиаш 1,5—2; зичиаш 1480 кг/м3. Мирабилит дар хавои хушк оби таркибашро тез гум карда, ба минерали сафеди хокамонанд — тенардит (Na^SO*) табдил меёбад. Мирабилит дар об зуд хал мешавад. Таъмаш шури талхча. Мирабилит дар кулхои обашон шури аз катионхои натрию анионхои сулфат бой, дар харорати аз 33° С паст хосил мешавад. Халинкули Царобугозтол кони дар чахон калонтарини Мирабилит ба шумор меравад. Конхои Мирабилит дар сохилхои шимолии бахри Каспий (РСС Казокистон), Кавказ, ШМА, Мексика, Аргентина мавчуданд. Мирабилитро дар саноати шиша, рангубор, химия (барои хосил кардани сода, ишкори натрий), инчуиин дар тиб васеъ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …