Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНЦ Александр Львович

МИНЦ Александр Львович

minz-aleksandrМИНЦ Александр Львович (8. 1. Ростови Дон — 29.12.1974, Мос­ква, физик ва радиотехники совети, акад. АФ COOP (1958; аъзо-корр. 1946), Кахрамони Мехнати Социалисти (1956). Университети Дон (1918) ва Институти инженерхои алокаи Москваро (1932) хатм кард. Профессор аз соли 1934. Ба лоихакаши ва сохтмони як катор радиостанцияхои пуриктидор рохбари на­муд (ба номи А. С. Попов, 1927; ба номи ВЧСПС, 1929; ба номи Ко­минтерн, 1933; РВ-96, 1938; ба яоми В. В. Куйбышев, 1943 ва диг.). Солхои 195?—70 рохбари Институти радиотехникии АФ СССР. Аз соли 1967 раиси Совети илмии АФ СССР оид ба масъалахои тезонидани заррахои заряд­хои. Асархои илмии Минц ба назария ва усулхои хисоб кардани система­и модуляцияи радиотелефоны, коркарди усулхои бадастории иктидори зиёди стансияхои радиошунавони, бунёди системахои нави антеннахои самтнок барои радиостанцияхои фавкуликтидори мавчхои дароз ва кутох буньёди лампахои ба кисмхо чудошавандаи пуриктидори генератор, усулхои нави радиоченкуни, истифодаи радиотехника ва электроника дар суръатфизохои заррахои заряд­нок оиданд. Дар коркард ва буньёди суръатфизохои Институти муттахидаи тадкики ядрои ширкат кард. Ба кор­кард, лоихакаши ва сохтмони суръ­атфизохои хатти — инжекторхои протонхо ва системаи радиоэлектроникаи суръатфизохо дар Москва ва Серпухов (76 Гэв, 1967) рохбари на­муд. Лауреати Мукофотхои давлатии СССР (1946, 51) ва Мукофоти ленини (1959). Бо 4 ордени Ленин, 4 ордени дигар, медали тиллои ба номи А. С. Попови АФ СССР ва дигар медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …