Маълумоти охирин

«МИНУИ ХИРАД»

«МИНУИ ХИРАД», «Доно ва Минуи хирад» (асли пахлавиаш «Меноки храд», «Донок-у ме-мок-и храд»), яке аз ёдгорихои адабиёти пахлави. Соли таълиф ва номи муаллиф маълум нест. Дар асар аз румиён ва кучманчиёне, ки ба Эрон хучум мекарданд, сухан рафта, ва­ле ислом ёдовари нашудааст, аз ин ру гуфтан мумкин аст, ки пеш аз хучуми арабхо ба Эрон тасниф гардидааст. «Минуи хирад» аз мукаддима ва 62 боб иборат аст. Дар мукаддима мусанниф худро дар шахси сеюм хам­чун «доно»-е шиносонида аз инкирози дини зардушти, руй овардани мардум ба динхои дигар сухан меронад. У барои дур кардани гумону шубха аз дили мардум бисьёр мекушад, аз донотарин мубахон маслихатхо мепурсад. Дар охир ба хирад, ки хамчун шахс дар пеши назараш пайдо мешавад, матлаби худро баён мекунад. Хирад ба саволхои у чавоб мегуяд. Ба хамин тарик 62 боб аз саволу чавоби доно ва хирад иборатанд. Дар боби 1-ум пайдоиши олам, ба дузах ё ба чаннат рафтани равон пас аз марг аз мавкеи схоластикаи дини зардушти шарх ёфтааст. Боби 2-юми «Минуи хирад», ки нахустин саволи доно бо он шуруъ мешавад, такрибан дорои 100 сухани андарзи ва пандуахлокист. Ин кисмати «Минуи хирад»—аз китобхои то ба замо­ни мо нарасидаи Авесто танзим шу­дааст. Дар бобхои минбаъда вобас­та ба саволхои доно киссаву ривоятхо, вокеахои таърихи, асотири мардуми эронинажод, номи пахлавонону шохони кадимии Эрон аз ка­били Каюмарс, Хушанг, Чамшед, Сом, Гаршосп, Кайхусрав, вокеоти замони Сосониён ва г. оварда шуда­анд. «Минуи хирад» гояи подшохи одил, хукмронии одилонаро талкин менамояд. Гарчанде ин гоя аз талаботи дини зардушти баромадааст, вале дар замони таълифи асар ифодаи ин гоя бешубха, як чихати мусбат ба шумор меравад. Дар байни пайравони дини зардуштии асрхои миё­на «Минуи хирад» яке аз асархои муътабар ба шумор мерафт. Азбаски он ба забони содда таълиф шуда, беш­тар хусусияти энциклопеди дошт, мубахон дар таълими чавонон аз ин асар истифода менамуданд. Кисмати андарзи, пандуахлокии «Минуи хирад» низ барои таълиму тарбияи чавонон хеле мувофик буд. «Минуи хирад» ба кавли яке аз мухаккикони адабиёти пахлави Чахонгир Тавахиз «усулан як матни дини аст, вале як рухи саршор аз хирад дар он фармонравои ме­кунад». Он ситоиши хирад ва аклу дониш, ки мо дар адабиёти форс- точик дар даврахои нав бармехурем ва мисоли барчастаи он мукаддимаи «Шохнома»-и Фирдавси аст, бешуб­ха идомаи анъанаи адабиёти пешазисломии халкхои эронинажод буд. Маъхази асархои нахустини пандуахлоки дар адабиёти классикии форс-точик низ хамон андарзномахои адабиёти кадими точик, аз чумла, боби 2-юми «Минуи хирад» ва дигархо будаанд. Таълимоте, ки дар «Минуи хирад» оид ба хирад баён гардидааст, дар Юнон назири худро дар фалсафаи аклии (рациоиализми) Арасту до­рад. Кадимтарин нусхаи пахлавии «Минуи хирад» аз тарафи Мехробон писа­ри Анупак (1589) китобат шуда, дар Копенгаген соли 1936 ба таври акси (факсимиле) нашр гардидааст. «Минуи хирад» ду тахрири позанд, тарчума ба санскрит (асри 13, мутарчим Нериосанг), ду тарчумаи манзуми форси (соли 1612, ба бахри мутакориб — назмкунанда Марзбон ибни Ровари; 1627— назмкунанда Дороб Санчони писари Хурмуздёр), ин тарчумаи насрии форси («Ривоёти Дороб Хурмуздёр», ч. 1) дорад. Нусхахои манзуми форси яке дорои 54 савол ва дигаре 68 савол дар китобхонаи миллии Париж махфузанд. Тарчумаи англисии «Минуи хирад»-ро олими англис Е. В. Вест анчом дода, онро дар силсилаи «Sacred books of East» («Китобхои мукаддаси Шарк», Ч. XXIV) соли 1885 ба табъ расонидааст.

Ад.: Брагинский И. С., Из ис­тории таджикской народной поэзии. М., 1956; Нииитина В. В. ж др., Лите­ратура Древнего Востока, М., 1962;

М. Диловарив.

 

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …