Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАКАХОИ ТРОПИКИ

МИНТАКАХОИ ТРОПИКИ

mintakai-tropikiМИНТАКАХОИ ТРОПИКИ, ду минтакаи географии Заминро гуянд, ки дар Нимкурахои шимоли ва ча­нуби байни минтакахои субтропики ва субэкватори вокеъ гардидаанд. (ниг. харитаи Минтакахо ва зонахои географии Замин, ч 2, сах 448— 449). Харорати баланди хаво, зуд-зуд вазидани бодхои хушки пассати ва камии боришот ба Минтакахои тропики хос аст. Кисми зиёди Минтакахои тропикии материкхо аз биёбону нимбиёбонхо иборат бу­да, дар ПГ. ва нохияхои нисбатан сернам ландшафтхои саваннаги ва бешаги вокеъ гардидаанд. Оби ук­ёнусхо бошад, дар худуди Минтакахои тропики хе­ле гарм (d8,5–23 С) ва шуранд (то 37%). Атарчи дар материкхо радиацияи солонаи Офтоб зиёд аст (588— 924 кЧ/см2 — зиёдтарин дар руи За­мин), аммо хангоми шуоъафкани аз сабаби хеле зиёд талаф шудани гарми баланси радиационии солона нисбатан кам мегардад (252—294 к^/см2). Баробари ин амплитудаи харорати хаво калон аст: солона ка­риб 20° С, шаборузи то 40° С. Харо­рати миёнаи моххои гармтарин дар хамворихо 30—36° С, моххои хунуктарин беш аз 10° С; максимали 61° С, минимали 0° С ва аз он пасттар. Бо­ришоти солона 50—200 мм (танхо дар сектори шаркии наздиукёнусии муссони 1000—2000 мм). Вобаста ба хусусиятхои иклими М интакахои тропикии материкхоро ба чор сектор таксим мекунанд: шаркии наздиукёнуси (сернам, ландшафтхои бешаги бартари дорад), шаркии васати (ландшафтхояш асосан бешахои сирак ва буттазорхо), дохилиматерики ва гарбии наздиукёнуси (ландшафтхояшон асосан биёбонию нимбиёбони; дар сектори гарбии наздиукёнуси хаво сернамтар, зуд-зуд туман шуда меистад, фарки харорати хавои шабу руз кам аст).

Дарёхо дар Минтакахои тропики нобаробар так­сим шудаанд. Онхо дар секторхои шарки доими ва пуроб буда, дар сек­торхои гарби ва дохилиматерики муваккатианд. Кариб тамоми дарёхои доими берун аз худуди Минтакахои тропики cap мешаванд. Дар шарки Минтакахои тропики процессхои фарсоиши химияви ва эро­зия, дар кисмхои дохилиматерики ва гарби бошад, фарсоиши физики ва дефляция бештар руй медиханд. Кабати хок аз Шарк ба Гарб торафт тунук шуда, хокхои латерити, сурхи чигаритоб ва бури сурхтоб пандам во­кеъ гардидаанд. Дар секторхои дохилиматерики ва гарби процесси хокхосилшави хеле суст аст. Дар нимбиёбону биёбонхои санглоху регзор дар чодархо кабати тунукн хокхои карбонатдор ё гачдор, баъзан хокхои шур вомехуранд. Аз Ш. ба F. чунин формацияхои растанихо пахн шудаанд: бешахои омехта (хазонрезу хамешасабз), бешахои муссони (хазонрез), бешахои сирак ё саваннахо, бешахои гармсер ва буттазорхои ксерофили, растанихои нимбиёбони ва биёбони. Аз хамин сабаб Минтакахои тропикии хушкиро ба зонахои бешахои сернами тропики, бешахои гармсер ва саваннахо, нимбиёбонхои тропики ва биёбонхои тропики чудо мекунанд. Хайвоноти Минтакахои тропики нихоят гуногун аст: маймун, фил, каркадан, тапир, мурчахур, лаванд, мор, калтакалос, тимсод ва г; паррандахои хоси ин чо: тути, кабутар, колибри, фохта, кабкмург, гулмак, тукан. Дар укёнусхои Минтакахои тропики хайвоноти гуно­гун зиндаги мекунад: мохихо (аз чумла наханг, скат, мохии паррон, шамшермохи), сангпушти бахри, мо­ри бахри, нармбаданхо, марчонхо ва г.

Терр. Минтакахои тропики, гайр аз кисми шаркии материкхо, камахолист ва кам аз худ шудааст. Замини секторхои дохилиматерики ва гарбии наздиукёнуси хамчун чарогох ва барои зироаткори истифода мешаванд. Терр. сектори шаркии наздиукёнуси (хусусан дар материки Осиё) ба тавассути саъю кушиши одами тамоман тагйир ёфтааст. Дар ин чойхо зироаткори, парвариши чой, кахва, ка­учук ва г. инчунин дарахтбурию чубтайёркуни басо равнак дорад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.