Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАКАХОИ СУБТРОПИКИ

МИНТАКАХОИ СУБТРОПИКИ

mintakai-subtropikiМИНТАКАХОИ СУБТРОПИКИ, минтакахои географии Заминро гу­янд, ки дар Нимкурахои шимоли ва чануби, байни минтакахои тропики ва муътадил, чойгир шудаанд (ниг. харитаи Минтакахо ва зонахои гео­графии Замин, ч 2, сах. 448—449). Ба ин мннтакахо пай дар хам ивазшавии режими иклими гох тропики (тобистон) ва гох муътадил (зимистон) хос буда, ин ходиса ба циркуляцияи умумии атмосфера вобаста аст. Харорати миёнаи мохонаи Минтакахои субтропики то­бистон 20° С, зимистон 4° С меша­вад, аммо баъзан дар натичаи вуруди хавои Кутб харорат то 10° С паст мефарояд. Микдори боришот дар нохияхои наздиукёнуси бештар буда, дар дарунтари материк торафт кам мешавад. Дар Минтакахои субтропикии дар як мате­рик се сектори асоси мавчуд аст: сектори гарбии наздиукёнуси (ё бахримиёназамини), ки зимистонаш сербориш аст; секто­ри континенти, ки дар он тамоми сол боришоти кам мушохида карда мешавад; сектори шар­кии наздиукёнуси (ё муссони), ки тобистон боришот дар он фаровон аст. Барои сектори гарбии наздиукёнуси (субтропикии кам­нам) зонаи буттаю бешазорхои дуруштбарги бахримиёназаминии хо­каш чигарранг хос мебошад. Дар Нимкураи шимоли ин зона ру ба та­рафи Чанубу Шарк аввал ба зонаи даштхои субтропикии хокаш чигарии хокистартоб ва баъд ру ба тарафи Шарк ба зонахои нимоиёбонхо ва биёбонхои субтропикии сектори континен­тии хокашон бури хокистартоб ва хокистарранг (субтропикии хушк) иваз мешавад. Дар Нимкураи чану­би ба Минтакахои субтропикии секторхои континенти даштхои субтропикии хокашон чигарранги хокистартоб хосанд; Минтакахои субтропикии секторхои шарки (субтропикии сер­нам)-ро бешахои хамешасабз ва бе­шахои пахнбарги хоки заминашон зард ва сурх фаро гирифтаанд. Минтакахои субтропики дар худуди СССР ба Минтакахои субтропикии сер­нам (сохилхои назди бахри Сиёхи Кав­каз ва пастии Колхида), Минтакахои субтропикии камнам (пастии Лангарон), Минтакахои субтропикии камнами бахримиёназамини (кисми шимоли сохилхои назди бахри Сиёхи Кавказу сохили чануби Крим) ва Минтакахои субтропикии хушк (водии Алазан, пастии Кураю Араке дар Закавказия, канорхои чануби биёбонхои Осиёи Миёна, водии Вахш) таксим мешаванд. Олами хаёвоноти Минтакахои субтропики омехта буда, чанд намуд хайвони минтакахои тропики ва муътадилро дар бар мегирад. Оби укёнус дар худуди Минтакахои субтропики нисбатан гарм (15— 16° С) ва шур аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.