Маълумоти охирин

МИНЕТУР

miniaturaМИНЕТУР, миниатюра (аз лот. minium — киноварь, ранги хоси сурх), асархои нафиси санъати тасвирие, ки хачман хурд буда, усули хоси нигориш доранд; асосан суратхои барои дастхатхо эчодшуда, ин­чунин лавхахои алохидаи тасвири табиат, нигоришоти графики, порт­рет ва суратхои хурди бо мино, рангхои оби ва г. офаридашуда. Санъати Минетур ва ороиши китоб аз даврахои кадим маълум буд. Дар Мисри Кадим, Юнон, Эрон ва Осиёи Ми­ёна асархоро бо Минетур оро медоданд. Минетури китоби дар Византия, Европа, Руси Кадим, Арманистон, Гурчистон, алалхусус дар мамлакатхои Шарки Наздик ва Миёна инкишоф ёфт. Аввалин китобхои минётурдори Шарки асримиёнаги ва тарчумахои арабии рисолахои юнони оид ба тиб, физика, астрономия ва г. буданд. Баъдтар «Нучум», тамсилхои «Калила ва Димна», асархои «Таърихи Табари», «Чомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддин, «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Язди ва г. бо Минетур оро дода шуданд. Махсусан офаридани Минетур дар асоси сюжети асархои манзум, монаиди «Шохнома»-и Фирдавси, «Хамса»-и Низоми ва Амир Хусрави Дехлави, Навои, «Бустон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерози, достонхои Абдуррахмони Чоми, девонхои Хофизи Шерози, Хочаи Кирмони, Аттор, Орифи ва диг. хеле ривоч ёфт. Ин асархо барои Минетур сюжет ва материалхои фаровон дода, дар ташаккулу такомули композицияи Минетур ва пайдоиши услубу равияхои гуногуни минётурнигори роли калон бозиданд. Дар чараёни инкишофи Минетур доираи мавзуоти он доманадор шуда, тасвири сахнахои рамзи, чанги тан ба тан, лахзахои шикор, мулокоти ошикон, маросимхои кабул, базм ва г. мавриди тасвир карор гирифт. Махорати манзаранигори ва портреткашин минётурнигорон афзуд, усул ва воситахои ифодаи Минетур такмил ёфт, мушохидахои хаёти дар тасвир макоми муайяне пайдо кард. Офаридани Минетур кори захматталаб буд. Аввал дар руи когаз тархи Минетурро (бо об) мекашиданд. Баъди хушкидани об изи онро бо хати сурх ё сиёх аёнтар мекарданд. Сипас ба парак омехтаи охар ва сафедии тухм молида, баъди хушкидан, онро бо булур ё акики сухта сайкал медоданд. Дар вараки пардозёфта рангхои асилро ба кор мебурданд: аввал хамаи чузъхои бо як ранг ифодашавандаро кашида, баъди хушкидани он ба истифодаи ранги дигар мепардохтанд. Дар таърихи Минетур номи бисёр мусаввирони барчаста, монанди Абдулхайё Чунайд Султони (асри 14), Камолуддини Бехзод (асри 15), Султонмухаммад, Махмуди Музаххиб, Абдуллохи Мусаввир (асри 16), Мухаммадмуроди Самарканди, Ризои Аббоси (асри 17) ва диг. макоми махсус дорад. Калонтарин марказхои мадании Минетурнигории Шарки Наздик ва Миёна Багдод, Табрез, Шероз, Са­марканд, Хирот, Бухоро, Машхад, Чазвин, Исфахон ба шумор мерафтанд. Дар ин шахрхо равияву сабкхои хоси санъати Минетурнигори шакл гирифта, бо комёбию бозёфтхои эчодиашон хамдигарро ганитар мегардонанд. Бо мурури замон вобаста ба ин ё он вокеахои таърихи як маркази мадани мохияти худро аз даст дода, дигаре ру ба инкишоф мениход. Намунахои нисбатан кадимтари Минетури асримиёнаги аввал дар мамлакатхои Шарки Араб пайдо шу­да, боиси ташаккули мактаби мине­тури Багдод (гулгулшукуфиаш асрхои 12—13) гардид. Дар асри 14 Мак­таби минетури Табрез ру ба инкишоф ниход. Давраи авчи санъати Минетур асосан ба асрхои 15—17 рост меояд, ки дар инкишофи он Мактаби минётури Хирот ва алалхусус намояндаи барчастаи ин мактаб Бехзод роли калон бозидааст. Дар ин давра як катор мактабхо, аз чумла Мактаби минётури Бухоро, Мактаби минётури Исфахон, Мактаби минётури Мовароуннахр, Мактаби минё­тури Шероз, Мактаби минётури Темуриёни Хинд бо сабку усули хоси худ пайдо шуданд. Осори нодиру бебахои ин мактабхо дар музей ва китоохонахои Лондон, Париж, Нью- Йорк, Вена, Техрон, Кохира, Истамбул, инчунин Ленинград, Москва, Тошкент, Душанбе, Боку махфузанд. Аз асри 18 cap карда бо Минетур оро додани дастхатхо тадричан аз байн рафт ва чои онро портрету мусавварахои алохидаи ба мавзуъхои хаёти бахшидашуда ишгол кард.

Тасвир дар сах. 398. 400—401.

М. Ашрафи.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …