Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНЕРАЛОГИЯ

МИНЕРАЛОГИЯ

mineralogiyaМИНЕРАЛОГИЯ (аз минерал ва ­логия), илмест дар бораи пайвастхои табиии химияви — минералхо. Истилохи «Минералогия»-ро аввалин бор с. 1636 олими италияви Бернард Це­зий (Цезиус) дар илм чори карда­аст. Минералогия яке аз сохахои кадимтарини илми геология буда, таркиби минералхо, сохти кристалли, хусусиятххои физикию химияви, шароитхои пайдоиш ва ахамияти амалии онхо­ро дар алокаманди бо якдигар меомузад. Бо кристаллография, петро­графия, геохимия ва илми оид ба сарватхои зеризамини зич алокаманд аст; аз усулхои тадкикоти илмхои физикаю химия истифода мебарад. Гуногунии вазифахои илмию амалии Минералогия боиси ба вучуд омадани як катор равияхои он гардид. Минералогияи тасвири маълумотхоро до­ир ба морфология, хусусиятхои физикии минералхо ва таркиби химиявии онхо чамъбаст мекунад; сабабхои алокамандии байни таркиб, сохт ва хусусиятхои физикии минералхоро мукаррар намуда, масъалаи ба система даровардани онхоро хал ме­кунад, физикаи минералхо асоси ин равияро ташкил медихад. Минералогияи ге­нетики шароит ва конуниятхои геологиеро муайян мекунад, ки бои­си пайдоиши минералхо ва конхои онхо мегарданд; харорат, фишор, хусусиятхои химиявии мухити минералхосилшави ва дигар параметрхои физикию химиявии процесси хосил шудани минералро меомузад. Минералогияи тачрибави ба моделонидани процессхои табии ва омузиши системахои физикию химияви пардохта, шарту шароити пайдоиши минералхоро дар табиат тадкик ме­кунад. Ба ин равия сохаи нави Минералогия— синтези минералхо (алмос, кварци пьеэооптики, флюорити оптики, бечода, ёкут ва г.), ки дар техникаи муосир васеъ татбик мешавад, наздик аст. Минералогияи амали ва техникию иктисоди проблемахои дар саноат кор фармудани хелхои нави минералхо, роххои истифодаи комплексии ашьёи минерали, бо максади чудо кардани навъхои аз чихати технологи фоидабахши маъданхо, тартиб додани харитаи мине­ралогии конхо, тадкик ва тавсияи усулхои коркарди химиявию техно­логии минералхоро вобаста ба сохт, таркиб ва холати агрегатии онхо, инчунин хангоми чустучу ва баходихи ба сарватхои зеризамини аз меъёри минералоги дуруст истифо­да бурданро хал менамояд. Минералогияи регионали (махалли) маълумотхои минералогии терр-хои муайян ва минтакахои маъдандорро чамъбаст намуда, конуниятхои чойгиршавии минералхо ва ассоциацияи онхоро вобаста ба рафти инкишофи геоло­гии регион муайян мекунад. Минералогияи чисмхои кайхони ба тадкики минералхои Мох ва чисмхои кайхони машгул буда, баробари дастрас гардидани чинсхои Мох босуръат инкишоф ёфта истодааст.

Минералогия дар замони хеле кадим дар натичaи фаъолшгги мехнатии инсон ба вучуд омадааст. Дар асархои олимони Юнони Кадим ва Рими Кадим (Теофраст, Плинийи Калон) оид ба минералхо маълумотхои нахустин оварда шудаанд. Хануз дар асрхои миёна чустучу ва дарёфтани ашьёи хоми минерали барои металлгудози, эхтиёчоти тиб, алхимия, муомилоти пул ва корхои заргари боиси васеъ шудани домираи маълумотхо оид ба минералу маъданхо гардиданд. Аз байни олимони Осиёи Миёна бештар асахои Абурайхони Беруни ва Ибни Сино чолиби диккатанд. Дар китоби машхури Беруни «Китоб-ул-чамохир фи маърифат-ил-чавохир» дар бораи зиёда аз 300 минерали дар замони муаллиф маълум, хусусияти онхо ва конхои минералхо маълумот дода шудааст. Ибни Сино дар «Китоб-уш-шифо» ном асараш ми­нералхоро ба 4 гурух таксим кард:

1) сангхо; 2) металлхо; 3) чисмхои сузандаи сулфурдор; 4) намакхо. Дар асри 13 дар Европа оид ба мине­ралу маъданхо китоби махсусе чоп шуд (Альберт Магнус, 1193—1280).

Минералогия дар давраи Эхё чун илми мустакил ташаккул ёфт (асрхои 14—16),

Г. Агрикола (Георг Бауэр, 1490— 1555) оид ба геология ва Минералогия нахус­тин тадкикоти калонеро анчом дод. У дар китобхои худ: «О природе ископаемых» («Оид ба хосияти сарват­хои зеризамини») ва «Огорном деле и металлургии» («Дар бораи кухкори ва металлургия») минералу маъданхоро аз чинсхои кухи чудо кард, хосияти физики минералхоро баён намуд ва онхоро бори аввал тасниф намуда, барои маънидоди илмии пайдоиши минералхо кушид. Баробари инкишоф ёфтани Минералогия аз он илмхои нави мустакили геологи, монан­ди кристаллография ва петрография (асри 19), илм дар бораи сарватхои зеризамини, геохимия ва кристаллохи­мия (аввали асри 20) чудо шуданд. Инкишофи Минералогия дар Россия бо номи М. В. Ломоносов алокаманд буда, ба акидаи у барои хар як минерал таркиби химияви нишонаи асоси аст.

В. М. Севергин хам яке аз асосгузорони Минералогия дар мамлакати мост. У низ Ломоносовро пайрави намуда, химияро асоси Минералогия мешуморад. Олимони рус Д. И. Соколов, Н. И. Кокшаров, В. В. Докучаев, Е. С. Фёдоров, В. И. Вернадский ва А. Е. Ферсман тарзхои нави тадкик ва назарияхои таъмини М.-ро пешниход намуда, дар илми чахони хиссаи муносиб гузоштанд. Ба инкишофи Минералогияи хозира конуни даврии Д. И. Менделеев ва коидаи фазахои Ч. У. Гиббс таъсири калон расонданд. Дар замони совети бо корхои амалии кухкори алокаи зич доштан ва аз руи план гузаронида шудани тадкикотхои илми боиси босуръат инкишоф ёфтани Минералогия гардиданд. Дар cap то сари СССР тадкикотхои зиёди минералогии регионали давом доранд. Бисёр конуниятхои маъдандор (нимчаз. Кола, Екутистон, шим. шарки СССР» Кавказ, Осиёи Миёна ва г.) кашф ва аз худ карда шуданд. Дар инкишофи М. А. П. Карпинский, А. К. Бол­дырев, С. С. Смирнов, В. Н. Лодоч­ников, Д. С. Коржинский, А. Г. Бетохтин, Н. В. Белов, В. С. Соболев, Д. П. Григорьев, Е. К. Лазаренко ва диг. низ хиссаи калон гузоштаанд.

Бо тадкики Минералогия як катор институтхои АФ СССР, управленияю идорахои Вазорати геологияи СССР ва республикахои иттифоки, ин-тхои таълими ва тадкикоти илми машгуланд. Оид ба Минералогия мухимтарин нашрияхо инхоянд: «Записки Всесоюзного минералоги­ческого общества» (аз 1886), «Минералогический сборник» Львовско­го Ун-та (аз 1947), «Труды Минералогического музея» АН СССР (аз 1949). Дар Точикистон тадкикотхои мунтазами минералоги баъд аз Револютсияи Октябрь огоз ёфтанд ва комёбихои ин соха бо номхои А. Б. Ферсман, Д. И. Щербаков, Т. Н. Иванова, Б. Н. Наследов, В. А. Николаев, А. П. Недэвецкий, Н. А. Смольянинов, ф. И. Вольфсон, Н. К. Морозенко, И. Г. Магакьян, И. К. Никитин, X. М. Абдуллоев, С. М. Юсуфова ва диг. алокаманданд. Холо геологхои сершумори республика ба халли проблемахои басо мухими Минералогия машгуланд, ки Р. Б. Баротов, Т. И. Новикова, Н. А. Блохина, В. В. Могаровский, В. Д. Дустматов, А. Р. Файзиев ва дигар аз чумлаи онхоянд.

Ад.: Вернадский В. И., Иаб. соч., т. 2—3, Опыт описательной минералогии, М., 1955—59; Бетехтин А. г.. Курс минералогии, Э изд.. М., 1961; Юсупо­ва С. М., Геология бо элементхои ми­нералогия ва петрография, Д., 1963; Лазаренко Е. К., Курс мирералогии, 2 ИЗД., М., 1975.

А.Хасанов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …