Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МИНАЕВ Иван Павлович

МИНАЕВ Иван Павлович

minaevМИНАЕВ Иван Павлович (21. 10. 1840, Тамбов —13. в. 1890, Петер­бург), шаркшинос, асосгузори мактаби диндшиносии рус. Аз соли 1869 до­цент, аз 1873 проф. Университети Петербург. Се маротиба (солхои 1874—75, 1880,

1885-86) ба Хиндустон, Чейлон (Шри-Ланка) Бир­ма, Непал ва Миср саёхат кард. Тадкикоти илмии Минаев асосан ба таърихи дуньёи кадим, асрхои миёна ва нави мамлакатхои Осиёи Чануби бахшида шудааст (таърих, адабиёт, фалсафа, забоншиноси, география, хусусан географии таърихи, этно­графия, манбаъшиноси ва фольклор). Минаев асосгузори тадкикоти муфассали буддоия дар Россия буда, дар омузиши он сахми арзанда дорад. Бисьёр дастнависхои санскрити ва палиро чамъ оварда, ба руси тарчума ва кисми зиёди онхоро нашр кард. Асархои у, ки ба таърихи Хиндустон ва мамлакатхои хамчавори он, аз чумла ба ибтидои давраи харакати миллии озодихохи бахшида шудаанд, басо чолиби диккатанд. У дар омузиши таъриху этнографияи точикони болооби д. Аму ва Бадахшони Афгонистон, Кулоб, Каротегин, Дарвоз низ хиссаи калон гузоштааст.

Ас.: Сведения о странах по верховь­ям Аму-Дарья, СПБ, 1879.

Ад.: Минаев И. П. (Мачмуаи мак-), М.. 1067.

Т. Мухиддиное, П. Мирзоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …