Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИМАНСА

МИМАНСА

mimansaМИМАНСА (сашжр.— тадкикот, мухокима), яке аз шаш системахои асосии фалсафаи хиндуия, ки бо шарху тафсири Ведало машгул аст. Хаким Чайминиро (а. 4 то м.—а. 2 м.?) асосгузори Миманса мешуморанд. Чихати амалии Миманса хангоми ба тартиб овардани маросимхои Веда ва масъалахои назариявии он дар чараёни танзими матни Ведахо, ки манбаи олию муътабари дини хиндуия до­ниста мешаванд, ташаккул ёфтааст. Мавзуи асосии Миманса— фалсафаи ичтимои ва фалсафаи забон аст. Миманса абади ва офаранданашаванда будани Ведахоро тасдик менамояд. Миманса акидаи абадияту азалияти оламро эътироф намуда, худоро инкор мекунад. Дар назарияи маърифати Миманса масъалаи асосноккунии хаматарафаи дог­матикии хакконият тадкик гардида, усулхои истифодаи далелхои муътабар ба сифати манбаи он таълиф шудааст. Чи фалсафаи забон ва чи фалсафаи ичтимои дар заминаи ифротии онтологи ташаккул ёфтаанд. Пайравони Миманса дар мантик назарияи реалистии муносибатро ба вучуд оварданд, ки онро баъдтар низ инкишоф додааст. Миманса дар ташаккули системаи ичтимоии хиндуия роли мусбат бозид.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …