Маълумоти охирин

МИЛТИК

miltikМИЛТИК аслихаи оташфишонест, ки дар шикор ва кори харби истифода мешавад. Дар асри 12 арабхо ихтироъ кардаанд. Дар аввал Милтик аз милан ба дастаи чуби шинондашудае иборат буд. Милтикхои кадимаро бо пилта оташ медоданд (аз ин ру, онхоро халк Милтикхои пилтаги меномнд). Асри 14 дар Европа Милтикхои суфта-мила ба вучуд омаданд (вазнашон то 70 кг). Дар асри 16 дар Испания Милтикхои мукаммалтар — мушкетхо пайдо шуданд (вазнашон 8—10 кг). Бо мушкет аз масофаи 200 кадам ба нишон расидан мумкин буд. Дар а-хои 17—18 Милтикхои рахпечмила сохта шуданд, ки дар асри 19 чои Милтикхои суфтамиларо пурра гирифтанд. (Милтикхои суфтамила факат чун Милтикхои шикори боки монданд). Mилтикхoи рахпечмила (винтовка) ба тир харакати чархзананда дода, онро дур. парвоз ва нишонрас могардонад. Бо ихтирои олати зарбаи (боёк), пис­тон, патрони металли ва ташкили усули тирчойкуни суръати тирандозии Милтик хеле баланд шуд ва то нимаи асри 19 аксари армияхо бо Милтики рахпеч­мила мусаллах гардиданд. Намунаи Милтике, ки аслихасози рус С. И. Мосин соли 1891 сохт, дар чангхои якуми чахони ва граждани васеъ истифода шудааст. Ин М. соли 1930 такмил дода шуд ва Милтики 7,66 ммаи намунаи солхои 1891—1930 ном гирифт. Милтики мазкур чунин сифатхо дорад: зудии тирпаррони дакикае 10—12 маротиба; дурии нишонгири ва парвози тир 2000 м; нишонрасии бехато 400 м; вазнаш 4 кг (бо найазаш 4,5 кг). Агар ба ин гуна Милтик нишонгираки оптики гузошта шалад, он гох ду­рии нишонрасии бехато то 800 м мерасад.

То асри 17 Милтикхои шикори ва Милтикхои чанги аз хам фарке надоштанд. Ба сохтани Милтикхои махсуси якмила аз думилаи нисбатан сабуки шикори аз асри 17 шуруъ намуданд. Милтикхои шикории хозира се навъанд: суфтамила, рахпечмила ва тиряю сочмаги. Гайр аз ин, Милтикхо аз руи таъиноташон ба Милтикхои шикори, спорти, шикори касби ва тирпаррони таксим мешаванд. Дар Иттифоки Совети намудхои гуногуни Милтикхоро асосан заводи Тула истехсол мекунад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.