Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МИЛЛИКУНОНИ

МИЛЛИКУНОНИ

millikuniМИЛЛИКУНОНИ, аз моликияти хусуси ба моликияти давлати табдил ёфтани замин, саноат, наклиёт, алока, банкхо ва г. Хусусияту максади Милликунони ба сохти чамъиятии мамлакатхо вобаста аст. Милликунонии капиталисти ислохоти буржуази буда, давлати буржуази корхонаю сохахои истехсолотро аз сохибонашон харида ме­гирад. Вай сохти капиталистиро ди­гар намекунад, баръакс шакли капитализми давлатию монополистро пурзур менамояд, ба концентрацияи истехсолоту капитал, харбикунонии иктисодиёт, экспансияи империализм, инчунин ба истифодаи куввахои давлатию буржуази ба мукобили халки мамлакат ва харакатхои милли — озодихохи кумак мерасонад. Давлати буржуази Милликунониро амали гардонида, ба моликиятдори калони истисморгар табдил меёбад. Аз ин ру, дар мархалаи хозираи бухрони умумии капитализм муборизаи синфи коргар ба мукобили гуруххои алохидаи капиталисти ва тамоми системаи хукмронии давлатию монополисти равона карда шудааст. Партияхои коммунист ва коргари ин муборизаро ба мукобили сиёстти капитализми давлатию монополисти равона карда, барои тадричан Милликунонии монополияхо, системаи банкию молияви мекушанд. Дар мамлакатхое, ки рохи тараккии мустакилонаро пеш гирифтаанд, Милликунони воситаи мустахкам шудани иктисодиёти милли, ба вучуд омадани шароити индустрони, зиёд шудани сохахои истехсолоти хозиразамон ва гузаштан ба рохи гайрикапиталистии тараккиёт аст. Милликунонии социалисти аз тарафи диктатураи пролетариат бо рохи революциони бекор кардани моликияти синфхои истисморгар ва табдили он ба моликияти социалистии давлати (умумихалки) аст. Милликунонии социалисти хукмронии икисодии буржуазиро бархам зада, асоси моддии диктатураи пролетариатро ба вучуд меорад. Милликунони хамчун зарурати объективи мухимтарин кисми таркиби ва яке аз конуниятхои умумии гузариш аз ка­питализм ба социализм аст. Рох, усул ва суръати Милликунонии социалисти ба шароити конкрети-таърихии инки­шофи рев. социалистии ин ё он мамлакат вобаста аст. Яке аз усулхои Милликунонии социалист мусодира ва аз гаравбарории воситахои истехсолот мебошад, ки он дар амал татбик карда шуд. Ба сифати тайёри ба Милликунони ва чораи зарури дар ташкили истехсолоти социалисти назорати кор­гари ва шаклхои гуногуни капита­лизми давлати истифода мешавад. Дар СССР ба сабаби мукобилати сах­ти синфхои сарнагуншудаи истисморгар, чанги граждани ва интервенцияи харби моликияти хусусии капиталистон зуд экспроприация карда шуд. Милликунони дар мамлакатхои де­мократии халки бо рохи мусодира ва аз гаравбарори тадричан амали шуда истодааст. Умуман Милликунони дар мам­лакатхои системаи чахонии социа­лист дурустии тезиси марксизм-ленинизмро дар хусуси он ки пролета­риат хукмронии сиёсии худро барои кашида гирифтани капитал аз бур­жуазия ва дар ихтиёри давлат марказонидани хамаи воситахои истех­солот истифода мебарад, тасдик ме­намояд. Тачрибаи амали гардонидани Милликунонии социалист нодурусти назарияхои анархисти-синдикалистиро, ки гуё дар давраи рев. социалисти моликияти хусусии капиталист бояд бо моликияти коллективи коргарони корхонахои капиталисти иваз шавад, низ исбот кард. Танхо дар сурати ба ихтиёрн давлати социалисти гузаштани воситахои истехсо­лот мумкин аст заминаи иктисодии диктатураи пролетариат фарохам ояд, тараккии хаматарафаи хочагии халк ва галабаи пурраи социализм таъмин гардад.

Ад.: Маркс К., Энгельс Ф., Ма­нифеста Партиям Коммунисте, Д.. 1968; Энгельс Ф., Анти-Дюринг, Табаддулоти чаноби Евгений Дюринг дар илм, Д., 1975; Ленин В. И., Дар бораи вазифахои пролетариат дар революцияи мо. Ас., ч. 24; хамон муалл., Хатари тахлука ва чорахои пешгири кардани он. Ас., ч 25; хамон муалл., Иктисодиёт ва сиёсат дар давраи диктатураи пролетариат, ч. 30; Виноградов В. А., Вопросы теории и практики со­циалистической национализации промышленности, М., 1965.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …