Маълумоти охирин

МИЛЛАТ

millatМИЛЛАТ (ар. —уммат, кабила, халк), шакли олии умумияти таърихию этникии одамон аст, ки дар асоси умумияти хаёти иктисоди, Умумияти забон, территория, хусусиятхои хаёти мадани, шуур ва психо­логия ташаккул меёбад. Назарияи хакикатан илмии Миллатро аввалин бор марксизм-ленинизм офарида, фаркияти куллии онро аз нажод, кабила ва халкият нишон дод (ниг. Ленин В. И., Ас., ч 1, сах- 163—164). Асосгузорони коммунизми илми Миллатро категорияи таърихи донистаанд. Онхо конунияти пайдоиши Миллатро дар замони капитализм аз чихати илми асоснок намуда, онро «махсули ногузир ва шакли ногузири давраи бур­жуазии тараккиёти чамъияти» мешуморанд. (Ленин В. И., Ас., ч 21, сах. 63). Дар рафти ташаккули Миллат умуми­яти хаёти иктисоди хамчун асоси модди ва шарти зарурии пайдоиши хосиятхои дигари он роли халкунанда мебозад. Умумияти хаёти иктисоди меъёри асосии фаркияти куллии Миллатхо мебошад. Мас., асоси хаёти иктисодии Миллатхои капиталистиро моликияти хусуси, асоси хаёти иктисодии Миллатхои социалистиро бошад, моликияти чамъияти будани воситахои истехсолот ташкил медихад. Дар ташаккули Миллат аломатхои дигари он низ роли калон мебозанд. Танхо забоне нишонаи Миллат буда метавонад, ки таркиби лугавии худро аз хисоби лахчахои гуногун бой намуда, ба манфиати чамъиятии халк хизмат карда тавонад. Миллатро бе территорияи ягона низ тасаввур намудан махол аст. Он яке аз омилхои мухими табиию гео­графии ба вучуд омадани умумияти этникии Миллатхо мебошад. Ин омилхо боиси ташаккули хаёти маънавии Миллат— шууру психология, характеру анъанахои милли ва дар як миллати муайян муттахидшавии одамонанд. Дар чамъияти антагонисти умумияти милли зиддиятхои дохили (синфи)-и Миллатро истисно намекунад. Дар дохили хар як Миллати буржуази ду миллат — Миллати синфхои истисморкунанда ва Миллати синфхои истисморшаванда ва вобаста ба ин дар дохили хар як маданияти милли ду маданият мавчуд аст (Ленин В. И., Ас., ч- 20, сах- 8—9). Миллатхои социалисти бар хилофи Миллатхои буржуази аз зулмуистисмори синфи, зиддиятхои дохили озод буда, иттифоки синфи коргару дехкон асоси боэътимоди инкишофи онхо мебошад. Партияи Коммунисти, ки бо таълимоти марксизм-ленинизм мусаллах аст, кувваи пешбарандаи онхо мебошад. Дар ташаккули Миллат ро­ли давлати милли низ калон аст. Давлат умумияти хаёти иктисодии Миллатхоро устувор гардонда, фаъолияти сиёсии онхоро дар хаёти чамъият баланд мебардорад. Пайдоиши Миллатхои гуно­гун бо шароитхои конкретию таъри­хи, муборизаи миллии озодихохи ва бунёди давлатхои милли алокаманд аст. Аммо Миллат дар сурати набудани давлати милли хам ташаккул меёбад. Мас., дар замони хокимияти подшохи ба халкхои украин, бело­рус, гурчи ва арман хамин конуният хос буд. Барои ба Миллатхои комил табдил ёфтани халкхои Осиёи Миёна бошад, як катор заминахо — уму­мияти каму беши иктисоди, территорияви ва забони вучуд доштанд. Ле­кин мустамликадорони подшохи ва Хокимони махалли бо рохи боздоштани инкишофи хаёти иктисодию маънави ва дар байни ин халкхо афрухтани оташи адовату душмани ба тараккиёти муътадили хаёти миллии онхо халал расониданд.

Галабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь зулми чандинасраи милли, ичтимои ва хусумату душмании халкхои мазлумро абади нест карда, барои истиклолияти хакикии онхо рох кушод. Дар натичаи дигаргунихои кул­лии ичтимоию иктисоди ва сиёсию маънавие, ки халки совети бо рохбарии Партияи Коммунисти ба амал овард, Миллатхои сифатан нави типи со­циалисти ташаккул ёфтанд. Дар рафти табдили Миллатхои капиталисти ба Миллатхои социалисти аломатхои асосии онхо мазмуну мундаричаи сифатан наве пайдо мекунанд, ки ба талаботу манфиати халкхо мувофиканд.

Процесси ташаккули Миллатхое, ки рохи гайрикапиталистии тараккиётро тай кардаанд, дар баробари конуниятхои умуми боз як катор конуниятхои хусуси низ доранд. Дарачаи пасти инкишофи куввахои истехсолкунанда, муносибатхои истехсоли, муташаккили, шуурнокии омма ва шиддати муборизаи синфи ва г. бо­иси пайдоиши ин хусусиятхои хос гардидаанд. Миллати точик, мисли як катор халкхои дигари дар гузашта кафомонда, дар асоси ёрии хаматарафаи иктисоди, сиёси ва маънавии халкхои ватанамон, пеш аз хама халки рус ташаккул ёфтааст. Дар давраи сохтмони социализм мафхуми «умумияти хаёти иктисодии Миллатхо маънои хакикии худро пайдо кард. Терр-хои милли аз манбаи чангу чидол ва махдудияти халкхо ба арсаи дустию бародари ва хамкорию ёрии байнихамдигарии онхо табдил ёфт. Дар рафти сохтмони коммунизм худудхои милли ахамияти пешинаи худро гум хохад кард. Ба амал овардани рев. мадани ва галабаи идеологияи марксисти-ленини маданияти шаклан миллию мазмунан социалистон Миллатхо, чахонбинии марксистии онхоро ба вучуд овард. Дар СССР аввалин бор дар таърихи инсоният ягонагии хаёти иктисоди, сиёсию ичтимои ва идеологии Миллатхои гуногун ба амал омад. Инкишо­фи минбаъдаи он хаёти маънавии онхоро беш аз пеш интервационали мегардонад. Ин тамоюл на танхо кисми таркибии конунияти интернационаликунонии хаёти модди ва маънавии миллатхо, балки заминаи объективии тараккиёти Миллатхои социалисти, ба хам наздикшави ва нихоят вахдати онхо низ мебошад. Сохтмони коммунизм мубодилоти моддию маънави, дар тамоми сохахои хаёти чамъият алокамандии Миллатхои социалистиро пурзур намуда, махдудияти миллиро бархам медихад. Дар мамлакати мо умумияти нави таърихи—халки совети ташаккул ёфт. Ин на умумияти нави милли, балки умумияти нави нчтимоию инторнационали ва таърихиест, ки са­баби ба чамъияти бесинф гузаштани Миллат мегардад. Холо дар мамлакати совети процесси бо ин ё он Миллат якшавии гуруххои хурди этники, халкххои майда ва одамони алохида давом дорад. Инкишофи босуръати минбаъдаи ин конуният ба рафти объективии сохтмони коммунизм вобаста аст. Марксизм-ленинизм таълим медихад, ки танхо дар сура­ти галабаи пурраи коммунизм вахдати харчонибаи Миллатхо имконпазир аст.

Миллати коммунисти дарачаи олитарини умумияти инсони буда, мафхумхои «миллат» ва «синф»-ро истисно менамояд.

Ад.: Маркс К. ва Энгельс Ф., Манифест» Партин и Коммунистй, Ас. мун., ч. 1, Д., 1963; Маркс К. и Эн­гельс Ф., Дебаты по польсному вопросу в Франкфурте, Соч., т. 5; хамон муалл., О разложение феодализма и возникновении-национальных государств, Соч., т. 21;«Г. Ленин В. И., «Дустони халк чист ва онхо ба мукобили социал- демонратхо чи тавр мечанганд? Ас., ч. 1; хамон муалл., Мулохизахои танкиди оид ба масъалаи милли. Ас., ч. 20; Багоутдинов А. М., К вопросу о консолидации таджикской нации, Сталинабад, 1957; Собиров К., Таджик­ская социалистическая нация — детище Октября, Д., 1967; Сужиков М., Со­циально-экономические проблемы национальной консолидации, Алма-Ата, 1968; Калтахчян С. Т., Ленинизм о сущ­ности наций и пути образования интер­национальной общиости людей. М.. 1976; Давлаткадамов X., Социально­классовые основы сближения социалис­тических наций. Д., 1976, ниг. низ ба ад. мад. Масъалаи милли ва Миллатчиги.

С. Чононов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …