Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МИЛЛАТЧИГИ

МИЛЛАТЧИГИ

millatchigiМИЛЛАТЧИГИ, идеология ва сиёсати буржуази ва майдабуржуазиест дар халли масъалаи милли.

Заминаи синфию ичтимоии Миллатчигиро моликияти хусуси, нобаробарии ичтимоии халкхо, истисмори миллатхои мазлум ва решахои гносеологии онро идеологляи иртичоии синфхои хукмрон ташкил медиханд. Марксизм-ленинизм Миллатчигиро махсули дав­раи муайяни тараккиёти чамъият дониста, характери таърихии онро аз чихати илми асоснок намуд. Миллатчиги идеологияест, ки миллатро чун умумияти гайритаърихи ва беруназсинфи тавсиф мекунад. Миллатчигии синфхои мазлум, шовинизми миллатхои золим, фашизмt маоизм, панаф­риканизм, пангуркизм, панарабизм, нажодпарасти ва г, шаклхои таъри­хии Миллатчиги мебошанд. Капитализм боиси ривочу равнаки Миллатчиги гардид. Синфхои истисморгар тавассути Миллатчиги дар байни миллату халкхои гуногун тухми ки­ну адоват, низою нобовари ва душмани кошта, онро хамчун омили мустахкамгардонии хукмронии синфии худ ва истисмори васей оммаи мехнаткашон истифода мебаранд. Миллатчиги манфиатхои акаллияти синфу гуруххои ичтимоиро ифода намуда, ба манфиати халки мехнаткаш ва прогресси хаёти чамъияти мухолиф аст. Миллатчиги дар давраи болоравии харакати революциони шуури синфии пролетариатро тира намуда, иттифоки революционии онро вайрои мекунад. Мас., дар арафаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь ва баъди галабаи он дар Осиёи Миёна чараёнхои миллатчигии панисламизм (миллатчигии дини), паптуркизм (миллатчигии этники) ва г. дар назди худ хамин гуна максад гузошта буданд. Намояндагони ташкилотхои «Шурои исломии», «Шурои уламо», «Алаш», «Турк одам марказияти» ва хаммаслакони онхо тахти шиорхои бардуруги «озодии миллат», «барои мусулмонон», «ташкили автономияи милли» манфиатхои синфхои хукмрони сарнагуншударо химоя мекарданд. Марксизм нисбат ба хама гу­на шаклхои Миллатчиги оштинопазир аст. «Миллатчигии буржуази ва интернациоиализми пролетари — ана ду шиори ба хамдигар душмани оштинопазир, ки ба ду лагери бузурги син­фии тамоми дунёи капиталисти мувофиканд ва ду сиёсатро (зиёда аз. он: ду чахонбиниро) дар масъалаи милли ифода мекунанд» (Ленин В. И., Ас., ч- 20, сах. 11). Бо вучуди он дар харакатхои озодихохии милли даврае фаро мерасад, ки дар он мубори­заи халкхои мазлумро барои истиклолияти ичтимои, милли ва зидди империализм программа ва идеологияи Миллатчигии онхо ифода менамояд. Дар ин сурат партияхои коммунисти ва коргари унсурхои демократи ва прогрессивии программаи онхоро дастгири намуда, дар айни хол бар зидди талаботхои миллие, ки ба манфиати халкхои дигар мухолиф аст, баромад мекунанд (Ленин В. И., Ас., ч. 20, сах. 440). Дар таърихи афкори чамъиятии халки точик каноти буржуа­зию демократии чадидизм, ки муносибатхои чамъияти, системаи маорифу маданият, анъанахои патриархалкию феодалии аморати Бухороро беамон танкид карда, дар онхо гузаронидани баъзе тагйирот ва ислохотро талаб намуда буданд, то андозае роли мусбат бозидааст. Бо ташаббуси намояндагони он дар як катор шахру районхои Осиёи Миёна мактабхои русии махалли кушода шуданд, ки шумораи онхо дар арафаи Чанги якуми чахони ба 50 расида буд (2100 хонанда). Дар хонии Бухоро ва Туркистон мактабхои методи нави таълими пайдо шуданд, ки ба бедории маънавии мехнаткашон таъсири мусбат расонидаанд. Партияхои коммунисти ва коргари болоравии харакати озодихохии халкхои бедоршударо ба инобат гирифта, нуктаи лелинии бахо додаи ба Миллатчигиро мутобик ба давраи гузариши инсоният аз капитализм ба со­циализм инкишоф медиханд (Программаи КПСС, Д., 1979, сах. 46—50), Миллатчигии имруза бо ревизнонизм, оппор­тунизм ва антикоммунизм каробати гояви дорад. Онхо Миллатчигиро асос намуда, бо ёрии назарияхои гайриилмии «модели миллии социализм», «коммунизми милли» ва г. кушиш мена­моянд дар сафхои харакати корга­ри чудои ба вучуд оранд.

Дар дохили мамлакат ва арсаи байналхалки ба мукобили Миллатчиги мубориза бурдан вазифаи революционии хар як партияи коммунисти аст. Галабаи социализм дар СССР решахои синфи, ичтимои ва гносеологии Миллатчигиро абади нест намуда, заминаи дусти ва хамкории бародаронаи миллатхои социалистиро фарохам овард, Лекин баъзе унсурхои Миллатчиги хануз хам дар шуури кисми ками одамони со­вети барчоанд. Асоси онро на таби­ати сохти социалисти ва фитрияти психологияи милли, балки мавчудияти як катор омилхо, аз кабили дур шудан аз принципхои социализм, хомии сиёси ва махдудияти тафаккури аъзоёни алохидаи чамъият, дар да­рачаи муайян аз хастии чамъияти кафо мондани шуури одамон, мавчудияти милли, чонсахтии анъанахои кухна, инчунин таъсири идеологияи буржуази ташкил медихад. Хурофотхои мазкур барои ба суи коммунизм бомуваффакият пеш рафтани мамлакати мо, пойдории дустию хамкории одамони совети таъсири манфи мерасонанд. Аз ин ру, халки совети бо рохбарии КПСС «ба мукобили зухурот ва бокимондахои хар гуна миллатчиги ва шовинизм, ба мукобили майлхои махдудият ва мустасногия милли, майлхои идеализация кардани замони гузашта ва рупуш намудани зиддиятхои социали дар таърихи халкхо, ба мукобили урфу одатхое, ки ба сохтмони коммунисти халал мерасонанд», собиткадамона муборизаи оштинопазир мебарад (Программаи КПСС, Д., 1979, сах 111), Партияхои коммунисти ва коргарии давлатхои дигар якчоя оо мамлакатхои социалисти барои бартараф кардани Миллатчиги, мустахкам наму­дани дустию бародари, сулху амонии халкхои чахон мунтазам мубориза мебаранд. Партияхои коммунисти дар рафти мубориза ба сиёсати катьиян риоя кардани баробари ва мус­такилии халку миллатхо, инкишофи муътадили хаёти иктисодию мадани ва ягонагии хусусиятхои милли ва интернационалии онхо диккати чидди меднханд.

Ад.: Маркс К. и Энгельс Фоколониальной системе капитализма, да.1959; Ленин В. И., Синфи коргар масъалаи милли. Ас., ч. 19; хамон муалл. О национальном и национально-колони­альном вопросе (Сб.), М., 1956; Програм­маи КПСС, Д., 1979; Программные доку­менты борьбы за мир, демократию сотсиализм. М.. 1961; Материалахо съезди 25, 26 КПСС Д. 1976—81; Шарипов. И. Предпосылки преобразовании общественных отношений в Таджикистане на пути некапиталистического развития, ч. Ё. Д. 1973: Грошев И. И., Борьба партии против национализма М., 1974; ИоРдан М. В., Интернационализм против национализма. М., 1980, Ниг. Инчунмн ба ад. маколахои Масъалаи милли, Mиллат.

С. Чононов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …