Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МИКРОНЕЗИЯ

МИКРОНЕЗИЯ

mikroneziyaМИКРОНЕЗИЯ (аз микро… ва юн. nesоs — чазира), гурухи чазирахои хурд дар Укёнусия, дар кисми гарбии укёнуси Ором, асосан дар шим. экватор. Ба ин гурух чазирахои Мариана, чазирахои Каролина ва чазирахои Мар­шалл (васояти ШМА), чазирахои Гил­берт ва чаз. Ошен (инхо мулки Британияи Кабиранд), Науру (давлати мустакил аз 1968) ва г. (хамаги ка­риб 1500 хазор) дохил мешаванд. Масохаташ 2622 км2. Ахолиаш зиёда аз 250 хазор нафар (1970). Ахолии махаллии Микронезия— микронезихо (бештар аз 200 хазор нафар, 1970). Дар Микронезия инчунин америкоихо, англисхо, филиппинихо, хитоихо зиндаги мекунанд. Кисми асосии чазирахо атоллхои марчони буда, кисми бокимондаи онхо дар натичаи оташфишонии вулконхо ба вучуд омадаанд; чаз. калонтарминаш — Гуам (мулки ШМА). Дар чазирахои Мариана вулконхои амалкунанда мавчуданд. Иклими Микронезия экватори ва субэкватори. Харор, миёнаи мохона аз 26 то 28° С. Боришоти со­лона 2000—6000 мм. Дар атрофи чазирахои Каролина аз циклонхои тропи­ки зуд-зуд туфонхои сахт ба амал меоянд. Чазирахои вулкониро бешахои хамешасабзи тропики пушидаанд, чо-чо саваннахо вомехуранд. Дар Микронезия хайвонхои калони ширхур нестанд. Бештар калламуш, куршабпарак, мору калтакалос ва паррандахои бахри дучор меоянд. Машгулияти асосии ахолии махалли — мохидори ва парвариши дарахтони нахл, ба­нан, растанихои цитруси, найшакар ва шоликори. Дар чазирахои Каролина конхои боксит ва фосфорит хастанд. Дар баъзе чазирахои Микронезия базахои харбии бахри ва хавоии ШМА ва Британияи Кабир чойгиранд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …