Маълумоти охирин

МИКЕЛАНЧЕЛО

mikelanjeloМИКЕЛАНЧЕЛО Буонарроти (Micbelangelo Buonarroti, ё худ Микеланчело ди Лодовико ди Лионардо ди Буонаррото Симони; 6. 3. 1475, Капрезе—18. 2. 1564, Рим), хайкалтарош, рассом, меъмор ва шоири италияви. Яке аз бузургтарин намояндагони давраи Эхё. Фаъолияти пурсамари эчодиаш дар Рим ва Фло­ренция сурат гирифтааст. Хануз аз асархои аввалниаш (релъефхои «Олиха дар назди зинапоя», «Мухорибаи кентаврхо», такрибан 1490—92, Каса Буонарроти, Флоренция) чихатхои умдаи эчодиёти Микеланчело— образхои саршори драматизм ва ситояндаи тавоноиву зебоии инсон зохир гаштааст. Дар Рим Микеланчело аз ёдгорихои санъати атика илхом гирифта, хайкали «Вакх» (1496—97, Музеи милли, Флоренция)-ро меофарад. Асари машхураш «Сугвори бар Масехо» (1498—1501, Калисои хазрати Пётр, Рим), ки рами беандозаи модари чавонро аз фавти фарзанд акс карда­аст, ба хамин давр тааллук дорад. Микеланчело соли 1501 ба Флоренция баргашта, яке аз шохасархои худ хайкали Довуд (1501—04, Нигористони АР Флоренция) ва мусаввараи «Оилаи мукаддас» (ё худ «Олиха Дони», 1503—05, Уффики, Флоренция)-ро эчод меку­над. Довуд тимсоли шучоат, кувваи беандоза ва иродаи маглубнопазир буда, тавонои ва иктидори рухи инсонро ситоиш мекунад. Соли 1505 Микеланчелоро ба Рим даъват намуда, сохтани маркади папаро мефармоянд. Микеланчело ба­рои ин маркад силсилаи мучассамахо, аз он чумла, «Мусо» — тачассуми иродаву матонати инсон (солхои 1515—16, ибодатхонаи Сан-Пьетро ин Вииколи, Рим); «Гуломи исьёнкарда» ва «Гуломи фавтидаистода» — тазоди ду кувва, ду рухия —яке чавони хушандому кави, ки омодаи баркандани завлона аст, дигаре хам мардест барно, вале хакиру нотавон, дар банди ишкел (хар ду —1513— 16, Лувр, Париж)-ро офаридааст. Эчодиёти минбаъдаи Микеланчело, ки ба дав­раи авчи реакцияи феодали-католики, аз байн рафта истодани демократияву истиклолияти миллии Флоренция ва инкирози идеалхои давраи Эхё рост меояд, рухияи фочиави ва пессимисти мегирад. Азобу шиканчаи рухии $ дар хайкалхои макбараи Лоренцо ва Чулиано Ме­дичи (1520—34, ибодатхонаи Сан-Лoренцо, Флоренция) ва алалхусус дар фрескаи азими «Рузи махшар» (1536и—41, капеллан Сикст, Рим), «Чормех кардаии Пётр» ва «Таъвизи Павел» (1542—50, капеллаи Паолин, Вотикон), ки ба давраи охири эчодиёташ тааллук доранд, хеле равшан инъикос ёфтаанд. Инчунин Микеланчело дар болои хайкали «Сугвори бар Масехо» (барои маркади худ офарида, дертар шикастааст ва шогирдаш Т. Кальканьи шикастапорахоро чамъ оварда, онро аз нав баркарор карда­аст; 1550—55 Калисои Санта-Мария дель Фьоре, Флоренция) ва хайкали нотамоми «Пьета Роиданини» (1555 —64, Музеи санъати кадима, Милан) захмат кашидааст. Дар интихои умраш асосан ба меъмори ва шеъргуи машгул буд. Бештарини ашъораш бар вазни мадригал ва сонет эчод шудаанд. Мачмуаи шеърхои у баъди фавташ с. 1623 ба табъ расидааст. Аз соли 1646 дар бунёди Ка­лисои Хазрати Пётр ва ансамбли меъмории майдони Капитолии Рим иштирок кардааст. Эчодиёти Микеланчело сар­шори гояхои давраи Эхё буда, зебои, тавонои ва бузургии инсонро тараннум намудааст ва бо рухи гуманистонааш тамаддуни умумибашариро зинае боло бардоштааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …