Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МИДОД-УЛ-ХАТ»

«МИДОД-УЛ-ХАТ»

«МИДОД-УЛ-ХАТ» (намунахои хат), асари Миралии Хичрави, ки ба забони форси-точики таълиф шудааст. Дар хусуси хат, номхои устодони хушнавис, коидахои навиштан, тарзи тайёр намудани ранг ва воситахои китобату навъхои харфхо бахс мекунад. Таърихи таълифи асарро баъди солхои 1518—19 хисобидаанд. Рисола аз мукаддима ва 5 боб иборат аст. Боби 1-ум дар бораи машхуртарин устодони хушнависи карнхои гуногун, хамчунин кисмхо ва сатху давру андозаи хатхои маъмули он давр, монанди куфи, маъкили, сулс, мухаккак, тавкеъ, насх, таълик, настаълик ва г. бахс мекунад. Муаллиф аз чандин асархою сарчашмахо, махсусан аз рисолаи назмии Султоналии Манкади «Сирот-ул-хат» истифода намуда, дар мавриди мувофик фикрхои нави худро баён кардааст. Дар боби 2-юм муаллиф оид ба вазифаю мартабаи мухтареону такмилдихандагони хатхо бахс карда, якчанд устодони хатро номбар мекунад. Боби 3-юм дар хусуси воситахои китобат буда, аз 7-фасл иборат аст; дар бораи макони китоб, сохтани мураккаб (ду намуди сохтани ранг ва чузъ аз он), сохтани шангарф, зангор, хал намудани тилло, нукра ва амсоли онхо бахс мекунад. Боби 4-ум ба коидахои муфрадот ва усули таркиби хатхо, боби 5-ум ба навъхои харфхо бахшида шудаанд. Acapдорон кимати илми ва амали буда, нусхаи дастнависи он дар китобхо­наи Институти шаркшиносии Ленинград махфуз аст. Фикрии Салчуки дар «Дебочаи Дустмухаммади Гирави» матни ин рисоларо ба чоп хозир намудааст. Рисолаи мазкур барои омухтани палеография ва эпиграфи­каи арабии асри 16 ахамияти калон дорад.

К Махсумов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …