Маълумоти охирин

МИАТАЙН

МИАТАЙН (ар. си— дусад), яке аз усулхои мусикист. Миатайн дар чои 17-уми усули доира чойгир буда, дорои 50 зарби дойра, 5 сабаби хафиф ва 23 фосилаи сурро аст. Таснифоти нахустини Миатайнро дар сарчашмахои мусики ба Абдулкодири Марогаи (Гуянда), ки се навъи усули мусики — «Зарбулфатх», «Чорзарб» ва «Миатайн»-ро кашф кардааст, нисбат медиханд. Хочазодаи Чанги (а. 15) дувоздах сол захмат кашида, Миатайнро аз нав офарид. Хар як кисмати Миатайни Хочазодаи Чанги аз дусад зарби дойра ва чамъи он аз хазору дусад зарб таркиб ёфтааст. Усулхои Миатайн дар «Мухаммас» ва «Сакил»-и «Шашмаком» ва кисми таронавии баъзе шуъбахои он махфуз монда­аст. Дар мусикии хинду араб виз асархои бо усули Миатайн таснифгардида вомехуранд.

Т. Шахобов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …