Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МЕВАЧОТИ МАЪМУЛА ДАР БИЛОДИ МОВАРОУННАХР»

«МЕВАЧОТИ МАЪМУЛА ДАР БИЛОДИ МОВАРОУННАХР»

«МЕВАЧОТИ МАЪМУЛА ДАР БИЛОДИ МОВАРОУННАХР», рисолае дар бораи мевачоти сарзамини точикон ва умуман Осиёи Миёна. Муаллиф ва соли таълиф номаълум. Дар рисола, пеш аз хама номи дарахтони мева («муруд, турунч, олу, себ, анчир, чормагз, шафтолу, анор, бихи, писта, тут, зардолу, норинч, хурмо ва ангур) зикр ёфта, дар Аъробу Ачам бо кадом ном кайд шудани хар кадом шарх ёфтааст. Мас., «Дар диёри мо муруд гуянд, аъроб ронд хонанд», ё «Чавз». Ба форси гирдакон, дар урф чахормагз гуянд» ва г. Баъд дар бораи каламчаю нихолшинони, кишт, тезонидани суръати сабзишу бороварии онхо, бехтар кардани сифати мева ва г. сухан рафтааст. Чунончи, «Анчир дар бахору тирамох метавон шинонд. Каламчааш бехтар аз нихолаш бошад. Баъзе гуфтаанд: агар дар чавзо бикоранд, бигирад. Дар чое бояд нишонид, ки офтоб битобад…». Рисола оид ба пайванди дарахтон низ маълумотхои муфид дорад. Мас., «Пайванди анчир бар шохтут биги­рад» ё «Пайванди чавз чуз бар чавз ва писта нагирад» ва г. Муаллифи рисола ба масъалаи аз хашарот мухофизат намудани дарахтон, дер ни­гох доштани мева диккат додааст. Ба акидаи муаллиф, агар дар гирдогирди дарахти себ пиёзи дашти кош­та шавад, дар самараш кирм пайдо намешавад ва «агар турунч дар миёни нав монанд, муддате тавил (дароз) биистад» ё «агар себ дар барги анчир печида нигох доранд, мудда­те тоза бимонад, барги чавз низ ха­мин хосият дихад» ва ё «… анчирро ба асал олуда, дар зарф ниханд, чунончи ба якдигар нарасад ва сари онро махкам кунанд, муддате тоза бимонад». Дар рисола хамчунин табиату хосияти шифоии мевахо шарху тафсир ёфтааст. Мас., «Анор се кисм бошад: турш, ширин, нордон, ки кой гуянд. Он чи ширин бувад, сард бошад, дар аввали дарачаи ду­юм ва тар бувад дар охири он… Халку синаро нарм дорад. Меъдаро чило дихад, хафаконро судманд бошад, бавл биронад…» ва г.

Рисолаи мазкур асари комили илмиест, ки ба тарзу оини классики таълиф шуда, ахамияти илмию амали дорад. Ин рисола дар дохили мачмуаи асархои Садри Зиё (захи­раи дастнависхои шари Институти шарккшиносии АФ РСС Узбекистон, № 2193) мавчуд аст.

С. Сиддиков.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …