Маълумоти охирин

МЕТОДИ БАДЕИ

МЕТОДИ БАДЕИ, системаи принципхое, ки чараёни эчоди асархои адабиёт ва санъатро идора мекунанд. Категорияи Методи бадеи охири солхои 20 асри 20 пайдо шуда, яке аз мафхумхои асосии назарияи марксистки эчоди бадеи гардид. Илми марксисти хама гуна шарху тафсирхои гайриаклии чараёни эчодиро инкор карда, асосан характери бошуурона ва бо максади фаъолияти эчодиро ба инобат мегирад. Хам мантики ботаники асархои санъат ва хам рисолахои назарии санъаткорон ин маъниро таквият медиханд. Азбаски методи санъаткор дар мухити муайяни ичтимои ва мадани шакл мегирад, бо вучуди нодир буданаш, бо методи санъаткорони дигар то андозае умумият дорад. Бинобар он мухаккии санъату маданият метавонад сохти умумии Методи бадеиро, ки асоси чараёну услубу равияхост, муайян намояд. Аз ин ру, Методи бадеии классицизм, романтизм, реализми танкиди ва г. мегуянд. Методи бадеи дар рафти инкишофи эчодиёти нависанда, зери таъсири чахонбинии у ташаккул меёбад. Агар дар чахонбинии санъаткор дигаргунии чидди руй дихад, Методи бадеии у низ тагйир меёбад (мас., гузаштани А. С. Пушкин аз методи романтики ба реалисти). Илова бар ин агар чахонбинии нависанда зиддият дошта бошад, дар М. б. низ зиддиятхо мушохида мешавад, ки инро Ф. Энгельс дар мисоли эчодиёти О. Бальзак ва В. И. Ленин зимни тахлили акоиду осори Л. Н. Толстой нишон додаанд. Дар масъалаи фахмиши конкретии Методи бадеи, унсурхои он ва робитааш бо услуб байни адабиётшиносони совети (Г. Н. Поспелов, Л. И. Тимофеев, Ю. Б. Борев ва диг.) фикрхои мухталиф вучуд дорад. Азбаски санъат аз чор чузъи асоси: маърифати хаёт, бахо додан ба он, эчоду офариниш ва тасвир намудани он таркиб меёбад, бинобар он Методи бадеи бояд чахор принцип дошта бошад. Принципи маърифатии вай муайян мекунад, ки кувваи маърифати бадеи ба кадом чихати хасти (мас., ба мухити ичтимои ё биологи) моил аст ва куллу чузъро дар образ чи гуна ба хамдигар таносуб медихад; принципи баходихи хусусияти системаи арзишхои ба миён овардаи санъаткор (дини ё дуняви, граждани ё зидди сиёсат) ва тарзи ифодаи онро (ошкоро ё пинхони) муайян мекунад. Принципи эчод тарзхои ба образи бадеи табдил додани ходисахои хаёти (хакикат ва ё гайри хакикат) на тархи материалии шаклхои адабиро муайян менамояд. Нихоят принципи аломати (семиотики) тарзи ба забони адаби («каломи бадеъ») табдил додани тархи мазкурро муайян мекунад. Яке аз хусусиятхои мухими методи реализми социалисти он аст, ки дар ин Методи бадеи хамаи ни принципхо баробар зухур меёбанд.

Ад.: Тимофеев Л. П., Основы теории литературы. Э изд., М., 1966; В о-роо Ю. В„ Эстетика, М., 1969; Наган М. С., Лекции по марксистско-ленинской астетикс, JI., 1971; Поспелов Г. Н., Проблемы исторического развитии литературы, М.. 1972.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …