Маълумоти охирин
Главная / Илм / «МЕТЕОР»

«МЕТЕОР»

meteor«МЕТЕОР», системаи кайхонии метеорологии совети; системаи метеорологии PM3-U «Метеор» ва баъзе радифони силсилаи «Космос», васоити замини — пунктхои кабули ахборот, коркард ва интишори маълумоти метеорологи, умури назорати асбобу анчоми РМЗ ва идора кардани онхоро дар бар мегирад (ниг. Радифи метеорологи). Кори системаи «Метеор» бо cap дода шудани РМЗ-и «Космос-144» (28 феврали 1967) ва «Космос-156» (27 апрели 1967) огоз ёфт. Минбаъд кори системаро РМЗ-и «Космос-184, -204, >226» давом доданд. Аз 26 марти 1969 силсилаи мазкури радифони метеорологи «Метеор» ном гирифтанд. Системаи дугонаи РМЗ имконият дод, ки дар давоми 1 шаборуз аз нисфи сатхо кураи Замин ахбороти метеорологи дастрас гардад. Дар сурате, ки дар мадор якчанд радиф cap дода мешавад, масъалаи идораи радифони маснуъ ва тамоми системаи «Метеор» то як андоза душвор мегардад. Барои кори муътадили «Метеор»-ро таъмин кардан зарур аст, ки вакти аз болои пункти кабул гузаштани хар кадоми РМЗ ахбороти метеорологии он фавраи тахлил карда шавад. Ахбороти мазкурро хисобмошинхои электронии зудкор фаври тасхех карда, ба шакли ососи истифода меоваранд (график, харита ва г.). Ин материалон бо зуди ба маълумоти муассисахои метеорологии мамлакат ва хорича расонда мешаванд. «Метеор» эътимоднокии пешгуии обу хаворо баланд мебардорад, дарёфти циклону тайфунхои пуриктидори укёнусро осон мегардонад ва ба интихоби дурусти маршрути киштихои тичорати ва мохигири имкон медихад, барои муайян кардани худудхои яхпуши минтакахои рохи шимолии бахри ва Арктика ёри мерасонад, минтакахои боришотро муайяи мекунад (барои х. к) ва г. Ахбороте, ки бо ёрии «Метеор» дастрас мегардад, барои коркарди назарияи гирдгардии (циркуляцияи) умумии атмосфера ва бунёди усулхои боэътимоди пешгуии обу хаво меноманд. Аз 11 июли 1975 инчониб ба мадор РМЗ-и такмилёфтаи насли Дуюм — «Метеор-2» бароварда мешаванд. Дос. 1981 31-то «Метеор» ва 6-то «Метеор2» ба мадор бароварда шудаанд.

Аз руи Программаи байналхалкии тадкикоти глобалии омилхои атмосфери РМЗ-и ШМА, Англия, Бельгия, Дания, Канада, Франция, Швейцария, РФГ ва РАЧ низ cap дода шудаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …