Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕТАЛЛООПТИКА

МЕТАЛЛООПТИКА

metalМЕТАЛЛООПТИКА (аз металл ва оптика), як фасли оптика буда таъсири мугакобили металлхо ва мавчхои электромагнитиро меомузад. Ба хосиятхои оптикии металлхо коэффициенти калони инъикос R дар диапазони калони дарозихои мавч (мас., барои металлхои ишкори Я~99%) ва коэффициенти калони фурубурд X (дар металл мавчи электромагнити баъди аз кабати гафсиаш 6 — 0,1 – 1  105 см гузаштан хомуш мешавад) мансубанд. Ин хосиятхо бо концеитрацияи баланди электронхои нокилият дар металл алокаманданд. Электронхои нокилият дар як вакт хам бо мавчхои электромагниии ба сатхи металл афтанда ва хам бо ионхои лаппандаи панчараи металли мутакобилона таъсир мекунанд. Кисми асосии энергияе, ки онхо аз майдони электромагнити мегиранд, дар намуди мавчхои сонияви афканда мешавад. Ин мавчхо якчоя шуда, мавчи инъикосшавандаро ташкил медиханд. Он кисми энергияе, ки ба панчара дода мешавад, боиси дар дохили металл хомуш шудани мавч мегардад. Электронхои нокилият кванти хар кадар хурди энергияи электромагнити Асоро хам фуру бурда метавонанд (Л — собитаи Планк, CD — басомади афканиш). Бинобар ин онхо хосиятхои оптикии металлро дар хама диапазони басомади муайян мекунанд. Бо афзудани сахми электронхои нокилият дар муайян кардани хосиятхои оптикии металлхо ва аз ин ру фарки байни металлхову диэлектрикхо низ кам мешавад.

Электронхои Валентин бокимонда ба хосиятхои оптикии металлхо факат хангоми дар фотоэффекти дохили иштирок карданашон таъсир мекунанд.

Дар кисми ултрабунафши спектр коэффициенти инъикос R паст гардида, металлхо аз руи хосиятхои худ ба диэлектрикхо монанд мешаванд. Барои басомадхои боз хам калонтар хосиятхои оптикии металлхоро электронхои чилдхои дохилии атом муайян мекунанд ва металлхо аз руи хосиятхои оптикии худ аз диэлектрхо фарке нахоханд дошт.

Металлоптика аз руи характеристикахои оптикии дар диапазони калони спектр ченшуда муайян кардани характеристикахои асосии электронхои нокилият ва электронхои дар фотоэффекти дохили иштироккардаро имконпазир мегардонад. Металлоптика ахамияти амал низ дорад. Оинахои металли дар асбобхои гуногуне истифода мешаваид, ки хангоми сохтани онхо кимати Я ва п (нишондоди шикаст)-ро барои сохахои гуногуни спектр донистан зарур аст. Чен кардани п ва X инчунин ба ошкор намудани пардахои тунук (мас., пардахои оксиди) дар сатхи металлхо ва муайян кардани характеристикахои оптикии онхо имконият медихад.

Ад.: Строганов В. И., Нелинейная металлооптика, М., 1977.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.