Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЛЛОГЕНИЯ

МЕТАЛЛОГЕНИЯ

metalogeniyaМЕТАЛЛОГЕНИЯ (аз металл ва юн. geneia — пайдоиш, ба вучуд омадан), як фасли илм оид ба сарватхои зеризамини буда, конунияти регионалии пайдоиш ва чойгиршавии коидаи маъданро меомузад. Асосгузорони М. дар СССР — В. А. Обручев, С. С. Смирнов, Ю. А. Билибин; дар хорича — геологи франсави Л. де Лоне. Вазифаи асосии М. пешаки муайян кардани маъдандории структура ва даврахои геологист. Вобаста ба табиати генетикии сарватхои асризамини ва максадхои тадкикоти геологи Метааллогения ба Метааллогенияхои зидогени, экзогени, умуми, регпонали, инчунин Метааллогенияи. нохияхои маъдандор ва махсус таксим мешавад. Метааллогенияи эндогени конунияти геологию геохимиявии пайдоиш ва худуди конхои маъдани металлиро, ки онхо бо процессхои каъри Замин вобаста анд, дар фазову вакт меомузад. Метааллогенияи экзогени конунияти пайдоиш ва худуди конхои охан, алюминий, никел, манган ва г-ро дар руй ва кисмхои болоии Замин, ки бо процесси фарсоиши чинсхои кухи ва дар каъри хавзахои об чамъ шудани тахнишастхо алокаманданд, тадкик менамояд. Метааллогенияи умуми асоси назарияви ва конунияти умумии ташаккул ва чойгиршавии маъданро ба туфайли инкишофи кишри Замин меомузад. Метааллогенияи регионали конунияти майдонхои маъдандор ва конхои маъданро дар худуди региони геологи (мас., Урал, нохияи Зарафшону Хисор ё ягон массиви кристалли) тадкик мекунад. Метааллогенияи нохияхои маъдандор, ки як кисми Метааллогенияи регионали ба шумор меравад, мавкеи геологии конхоро нисбат ба структурахои тектоникии чинсхои кухи ва г. дакиктар меомузад. Метааллогенияи махсус конунияти дар фазо чойгир шудан ва замони пайдоиши ягон металл (мас., берилий, охан) ё гурухи металлхо (мас., полиметаллхо, маъданхои сурмаю симоб)-ро тадкик менамояд.

Ад.: Билибин Ю. А., Металлоге-пические провинции и металлогеннчесиие эпохи, М., 1955; В. И. Смирнов. Очерки металлогении, М., 1963; Е. Д. Карпова. Типы металлогенических зон Тянь-Шаня и Памира, дар кит.: «Закономерности размещения полезных ископаемых». т. 3., М., I960

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …