Маълумоти охирин

МЕШ

meshМЕШ, гусфанди мода, чинси модаи наслдихандаи гусфанд. Меш нисбат ба гусфанди нар чуссаю сари хурд ва гардани дароз дорад. Одатан бешох мешавад. Дарозии танааш 60—110 см ва баландии сари душат 55—100 см. Вазни зиндааш 30—100 кг. Рангаш сафед, сиёх, малла ва ашхоби. Аз 15—18-мохаги чуфти мекунанд. Даври хамлаш 145—155 шаборуз, 1—5 барра мезояд. Меш 14—15 сол умр мебинад. Мухлати истифодаи Меш дар хочагихо 6— 8 сол. Пашми Меш вобаста ба зот махин, ниммахин ва дурушт мешавад. Дарозии пашми Меши махинпашм 5—9 см, ниммахинпашм 40 см ва дурунгташ 10—15 см аст. Аз Меши махинпашм соле 5—6 (баъзан то 31,7) кг, ниммахинпашм 3—6 кг ва дуруштпашм 1—4 кг пашм метарошанд. Меши махинпашм 30—50%, ниммахинпашм 50—65% ва дуруштпашм 55—75% пашми соф медихад. Аз Меш дар давраи лактация 200— 500 кг шир мечушанд. Мешро асосан бо алафи табии, силос, кох, хошок ва концентрат парвариш мекунанд, дар р-нхои чануби тамоми сол ва дар р-нхои шимоли аз аввалхои бахор то охири тирамох мечаронанд. Мешро дар аксари кишвархои дуньё парвариш мекунанд. Ниг. низ Гусфанд, Гусфанпарвари.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.