Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕРКУРЬЕВ Василий Васильевич

МЕРКУРЬЕВ Василий Васильевич

merkurevМЕРКУРЬЕВ Василий Васильевич (6. 4. 1904, ш. Остров, хозира вил. Пеков— 12. 5. 1978, Ленинград), актёр ва педагоги советии рус. Арт. Халкии СССР (1960). Аъзои КПСС аз соли 1948. Бори аввал соли 1920 дар сахнаи театри ш. Остров баромад кардааст. Соли 1926 Институти санъати сахнавии Ленинградро хатм намуда, солхои 1928— 37 дар Театри махорати актёрии Ленинград тахти рохбарии Л. С. Вивьен ва аз с. 1937 дар Театри драмаи ба номи А. С. Пушкин Ленинград кор кард. Бехтарин ролхои сахнавиаш: Максимов («Барои онхое, ки дар бахранд»-и Б. А. Лавренёв), Меньшиков («Пётри 1»-и А. Н. Толстой), Бортников («Мавчи баланд»-и Г. Е. Николаева), Прокофьев («Фарзанди аср»-н И. П. Куприявов), Мальволио («Шаби дувоздахум»-и У. Шекспир) ва р. Офариниши тимсолу накшхои чозиб дар кино ба фаъолияти минбаъдаи у таъсири мусбат расонд. Ролхои у дар кино: Сташков («Аъзои хукумат», 1940), Чангалбон («Золушка», 1947), Нестратов («Дустони карин», 1954), Фёдор Иванович («Парвози турнахо», 1957), Костязмак («Серёжа», 1960) хеле диккатангез баромадаанд. Роли Журавлёв аз фильми «Даъват» (истехсоли студияи «Точикфильм», 1966) аз кабили ролхои намоёни уст. Аз с. 1932 дар Ин-ти театри, мусики ва кинематографии ш. Ленинград дарс гуфтааст (проф. аз 1950). Лауреати мукофотхои давлатии СССР (1947, 1949, 1952). Бо 2 орден ва диг. медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …