Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕРИНГ Франц

МЕРИНГ Франц

mering-francМЕРИНГ Франц (27. 2. 1846, Шлаве — 29. 1. 1919, Берлин), арбоби харакати коргарии немис, файласуф, муаррих ва мунаккиди адаби, марксист. Аз оилаи сарватманди буржуази. Дар ун-тхои Лейпциг ва Берлин тахсил намудааст (1866—70). Доктори фалсафа (1882). Аз с. 1891 аъзои партия с.-д. Яке аз асосгузорони Партияи Коммунистии Германия. Ба оппортунизм ва ревизионизм мукобил буд. Рев. 1905—07-и русро табрик намуд. М. дар Гарб яке аз аввалин мудофиа ва таргиботгари гояхои Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь буд. Дар маколахои худ ба коргарони немис исбот мекард, ки социализмро танхо болшевикон дуруст мефахманд. В. И. Ленин ба ин акидаи у бахои баланд дода буд. Чун файласуф дар халли масъалахои фахмиши материалистии таърих сахми калон гузошта, чараёнхон гуногуни фалсафаи буржуазиро зери танкид гирифт. Меринг оид ба адабиётшиносии марксисти, санъатшиноси ва масъалахои эстетика асархо навишта, дар тадкику нашри асархо ва мактубхои К. Маркс ва Ф. Энгельс хизмати бузург кардааст. Дар «Хиссаи Лессинг» (1893), «Таърихи Германия аз охири асрхои миёна» (1910), «Исна ва Тильзит», «Аз Тильзит то Тауроген», «Аз Калиш то Карлебад» (1906—13) баёни асархои худ таърихи Германияро аз нуктаи назари марксисти инъикос кардааст. Дар асархои оид ба таърихи харакати коргари, пеш аз хама дар асари 4-чилдаи «Таърихи социал-демократияи Германия» муваффакиятхои харакати коргарии Германияро вобаста ба таърихи умумии Европа ва Германия тадкик намудааст. Тарчумаи холи К. Маркс, ки Меринг навиштааст, бо мазмуни амик ва оммафахмиаш шоёни диккат аст. Бо ин хама Меринг дар баъзе асархояш ба хато ва камбудихое рох додааст, ки ба дигар социал-демократхои чап низ хосанд: нафахмидани мохияти муборизаи К. Маркс ва Ф. Энгельс ба мукобили чараёнхои зиддипролетари дар Иттифоки коммунистон ва дар Интернационали I, аз будаш зиёд бахо додан ба роли Ф. Лассаль ва лассальчиён дар харакати коргарии немис ва г.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …