Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕНЬШЕВИЗМ

МЕНЬШЕВИЗМ

menshevizmМЕНЬШЕВИЗМ, чараёни асосии оппортунисти дар социал-демократияи Россия, як навъи оппортунизми байналхалки. Дар Съезди 2-юми РСДРП (1903) пайдо шуда, душманони плани ленини барпо намудани партияи типи нави марксистиро (ниг. Большевизм) муттахид кард ва хангоми интихоби муассисахои марказии партия акаллияти овозхоро гирифт (номаш аз хамин чост). Меншивизм бо пешгузаштагони худ дар харакати социал-демократии рус ва байналхалки «бернштейнчиги», «марксизми легали», «иктисодчиги» робитаи гояви дошт. Пешвоёни он Л. Мартов, А. С. Мартынов, А. Н. Потресов, П. Б. Аксельрод, Ф. И. Дан буданд. Пас аз Съезди 2-юми РСДРП Г. В. Плеханов хам нисбат ба оппортунистон мавкеи муросокориро пеш гирифт ва баъдтар ба Меншивизм дамрод шуд. Меншивизм партияи майдабуржуази буд ва базаи оммавии пролетари надошт. «Меньшевиков бадтарин душманони социализм мебошанд, зеро онхо либоси пролетари дар бар мекунанд, аммо меньшевикхо табакаи гайрипролетари хастанд. Дар ин табака факат гурухи ночизи болоияш пролетар мебошад лекин худи ин табака аз интеллягенцияи майда иборат аст» (В. И. Ленин, Ас., ч 29, сад. 186). Дар синфи коргар Меншивизм асосан аз байни коргарони хунарманд ва табакахои нисбатан осудахоли пролетариат тарафдорони худро пайдо мекард. Меншивизм хамчун чараёни сиёси ягона набуда, навъу тобишхои гуногун дошт. Троцкизм низ дар давраи пайдоиши худ яке аз навъхои Меншивизм буд. Меншивизм диалектикаи марксизмро нафахмида, онро ба таври догматики дарк мекард. Меншивизм назарияи марксистиро дар бораи ахамияти шароити объективии ба амал овардани революция эътироф намуда, дар бораи роли начандон калони омили субъективи — шуурноки ва муташаккилии авангарди революциони дар тайёр кардан ва гузаронидани революция хулосаи бардуруг баровард. Нафахмидани роли партия хамчун пешвои гояви ва ташкилотчии синфи коргар аз хамин чо бармеомад. Меншивизм революцияи дар Россия тайёршудаистодаро рес. буржуази-демократи хисоб карда, пролетариатро яке аз куввахои асосии революция дониста истода, чунин хулосаи нодуруст баровард, ки гегемония дар ин революция, чунонки дар революсихои буржуазии Европаи Гарби (асрхои 18—19) буд, бояд ба буржуазия тааллук дошта бошад Хароси майдабуржуази аз задухурдхои тезутунди синфи, кушиши хомуш кардани зиддиятхои синфии байни буржуазия ва синфи коргар (ба максади аз революция нахаросонидани буржуазия) аз хамин бармеомад. Меншивизм гузаронандаи таъсири буржуазия ба пролетариат буд.

Меншивизм аз дигар чараёнхои майдабуржуазии оппортунисти дар Россия бо он фарк мекард, ки дар харакати коргари вучуд дошта, худро бо марксизм пардапуш менамуд, мохияти революционии марксизмро вайрон ва ревизия мекард. Дар Съезди 2-уми РСДРП оппортунизми Меншивизм дар чунин масъалахои ташкили зухур ёфт: рад намудани зарурати ташкили партияи марксистии марказонидашуда, интизоми катъии партияви, таргиби усули кори партияхои сиёсии Европаи Гарби, ки сиёсати «дархои кушод»-ро мегузарониданд. Аз ин чост тезиси Меншивизм дар бораи ба сафи партия кабул кардани хамаи хохишмандон бидуни ухдадории кор кардан дар ягон ташкилот ва итоат намудан ба интизоми партияви. Платформаи сиёси ва тактикии М. дар Конференцияи меньшевикон дар Женева (1905) дар давраи саршавии Рев. буржуази-демократии 1905—07 дар Россия муайян карда шуда буд. Меньшевикон шароити нави таърихиро ба хисоб нагирифта, иттифоки синфи коргар ва буржуазияи либералиро таргиб мекарданд. Онхо мохияти масъалаи аграриро, ки мазмуни асосии Рев. демократии Россияро ташкил мекард, нафахмида, революциони будани дехконон, зарурати иттифоки синфи коргару дехкон ва гегемонияти пролетариатро хамчун шарти асосии галабаи революция инкор мекарданд. М. ба шиори революциони-демократии диктатураи пролетариат ва дехконон, иштироки социал-демократхо дар кори Хукумати муваккатии революциони, тайёр кардани шуриши мусаллах мукобил баромада, Советхои депутатхои коргаронро факат органхои махаллии худидоракуни мешуморид, фаъолияти онхоро бо шуриши мусаллахона алокаманд намедонист. Пас аз маглубияти Шуриши мусаллахи декари дар Москва (1905) пешвоёни Меншивизм онро «хатои таърихи» номида, ба хулосае омадаид, ки «ба аслиха даст бурдан лозим набуда (Плеханов). Дар масъалаи аграри М. ба мусодира кардани заминхои помещикон мукобил баромад. Дар Съезди 4-уми (муттахидкунандаи) РСДРП (1906) факат муттахидшавии расмии большевикон бо меньшевикон ба амал омад. В. И. Ленин кайд карда буд ки: «Мо дар солхои 1903—12 якчанд солхо бо меншевикхо расман дар як партияи ягонаи социал-демократи будем, вале хеч гох муборизаи идеяви ва сиёсиро бар зидди онхо, ки оппортунист ва гузаронандагони таъсири буржуази ба пролетариат буданд, катъ намекардем» (Ас., ч 31, сах. 60). Тактикаи оппортунистии КМ-и меньшевики, ки дар Съезди 4-ум интихоб гардида буд, аз тарафи аксарияти ташкилотхои махаллии партияви махкум карда шуд. Дар Съезди 5-уми (лондонии) РСДРП (1907) большевикон галабаи комил ба даст оварданд. Дар солхои реакцияи 1908—10 меньшевикон мекушиданд, ки ба бархам додани партияи коргарии марксистии гайрилегали, манъ кардани фаъолияти гайрилегалии революциони ва ташкил намудани партияи легалию ислохотчигии «партияи коргарии столшини» ноил гарданд. Конференцияи 6-уми (прагагии) умумироссиягии РСДРП (1912) меньшевикону ликвидаторчиёнро аз партия хорич кард. Аз хамин вакт Меншивизм хамчун партияи мустакил, ки хамчунин худро РСДРП меномид, вучуд дошт. Дар арафаи Чанги якуми чахони (1914— 18) оммаи асосии пролетариати бошуури Россия аз паси большевикон мерафт. Меньшевикон дар давраи Чанги якуми чахони дар мавкеи социалшовинизм истода, шиори буржуазии «мухофизати ватан»-ро тарафдори мекарданд. Дар вакти Рев. буржуази-демократии феврали 1917 меньшевикон хамрохи эсерхо рохбариро дар Советхо ба даст дароварда, хокимият)о ба дасти Хукумати муваккатии буржуази супурданд ва бо онхо ошкоро забон як карданд. Пас аз рузхои июлии 1917 меньшевикон катъиян ба лагери контрреволюция гузашта, дар назди оммаи мехнаткаш худро хамчун ёрдамчиёни буржуазия фош намуданд. Дар ибтидои октябри 1917 Меншивизм хамчун чараёни сиёси дар харакати коргари фаъолияташро амалан катъ кард, Дар муборизаи гоявию сиёси Меншивизм аз тарафи фи болшевизм тамоман торумор карда шуд., Меншивизм ба Револютсияи Октябри 1917 мукобил баромад, Ноябр. охирин съезди меншевикон дар рухи зидди болшевизм ва сафарбаркунии куввахо ба муборизаи зиддисовети гузашт. Меншевикон талаб мекарданд, ки хокимият ба Мачлиси муассисон дода шавад, онхо ба сулхи Брости 1918, назорати коргари дар истехсолот, милликунонии саноат, ташкил кардани Армияи Сурх мукобил баромада, коргаронро ба корпартои даъват менамуданд, дар ташкилотхои пинхонкори контрреволюциони ва г, иштирок мекарданд. Баъди Чанги граждани (1913—20) меньшевикони бокимонда фаъолияти зиддисоветии худро давом доданд. С. 1931 гурухи контрреволюционии Меньшевикон «Бюрои иттифокии КМ РСДРП», ки дар органхои советию хочаги кори зарарнок мебурд, фош карда шуд. Шикасти пурраи Меншивизм окибати конунии хиёнати меньшевикон ба кори демократия ва социализм буд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.