Маълумоти охирин

МЕМФИС

memfisМЕМФИС (юн. Memphis, мисрии Меннефер — аз номи макони назди ахроми фиръавн Пиопи I; номи аввалааш — «Деворхои сафед»— аз номи калъае, ки шахр дар назди он бунёд шуда буд), шахри Мисри Кадим. Дар аввали хазораи 3 то м. дар худуди Мисри Боло ва Поён дар сохили чапи Нил бунёд ёфт. Мемфис калонтарин маркази дини, сиёси, мадани ва хунармандии Миср, пойтахти Подшохии Кадим (асрхои 28—23 то м.) буд. Дар давраи эллинизм баъди таъсиси Искандария ахамияти пешинаашро гум кард. Харобаи ибодатхонаи худо Пта (хазораи 3 то м.), абулхавли давраи Подшохии Нав ва ду мучассамаи Рамсеси II (охири асри 14 — миёнаи асри 13 то м.), Серапеум боки мондааст. Кабристони Мемфис бо ахром ва дахмахои подшохон ва ашрофон дар наздикии хозира Раза, Саккара, Абусир, Дашур вокеъ аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …