Маълумоти охирин

МЕЛОДРАМА

melodrammaМЕЛОДРАМА (аз юн. melos — суруд, тарона ва драма), 1) жанри драматургия; пьесае, ки ба конфликти тезутунд, эхсоси муболиганок, оханги пандомез ва ба хам мукобилгузории неруи некию бади асос ёфтааст. Пайдоиши Мелодрама ба драматургияи демократии охири асри 18 Франция, ки дар он oхaнгхои эътирози зидди нобаробарихои ичтимои ва хурофот бештар хис мешуд, кашшокиву бохукукии халк, возех тасвир меёфт, вобаста acт.

Шакли ибтидоии Мелодрамаро Ж. Ж. Руссо (сихиахои лирикии «Пигмалион», 1702) офарида буд (хамчунин асархои Ж. Мон воль, Э. Сувестр, Ф. Пиа).

У максад дошт, декламация, панто­мима ва мусикиро ба хам пайваста, барои боз хам таъсирнок баромадани драмаи психологи муваффак шавад. Ж. Ж. Руссо мусикиро аз шартиятхою махдудиятхои операви озод гардонда, онро ба хар як хиссиёти ботинии персонажхо мувофикан тахия мекард. С-хои 30—40 а. 19 давраи нашъунамои ин жанр ба хисоб меравад. Дар Россия солхои 20 асри 19 (пьесахои Н. В. Кукольник, Н .А. Полевой ва диг.) пайдо шудааст. Мелодрама тадричан мохияти гуманистиашро аз даст дода, ба он унсурхои сентимен­тализм ва сюжетхои сатхию сохтакорона рох меёбад. В. Г. Белинский ва Н. В. Гоголь баъзе асархои ин жанрро асри тозиёнаи сахти ташкил гирифта буданд, чунки он асархо аз хакикати вокеи, аз масъалахои му­химу аввалиндарачаи чамъияти рус дур буда, характерхою ходисот хам ба таври сохта маънидод мешуданд. Мелодрама ба театр ва драматургияи совети аз солхои аввали Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь рох ёфт. М. Горький ва А. В. Луначарский ба он хамчун ба дра­маи ичтимоии дорои рухияи роман­тики бахо дода, ба химояи Мелодрама баромад карданд. Мелодрама тадричан ахамияти худро гум кард, вале принципхои он ба спектаклхои драмави рох ёф­та («Маифред»-и Р. Шуман, «Пер- Гюнт»-и Э. Григ, «Шон Лир»-и М. Ба­лакирев), то имруз чанде лахзахои намоишро оро медихад. Мелодрама дар эчодиёти баъзе драматургони муосир (А. Н. Арбузов, Н. Д. Салынский ва диг.) ба назар мерасад. Нишонахои Мелодрама дар драматургияи советии точик дар солхои тавлиду ташаккули он (1929—41) ва минбаъд мушохида ме­шавад (пьесахои «Санавбар»-и Ра­хим Чалил. «Духтари ноком»-в Ч. Икроми, «Модар нигарон буд»-и Ф. Ансори ва гайра). 2) Асари мусикии драмави, ки ба монологу диалогхояш мусики (якчоя бо матн ё бо навбат) чур мешавад. «Орфей»-и бастакорони рус Е. И. Фомин ва Я. Б. Княж­нин (1792) аз бехтарин намунахои чунин Мелодрама ба шумор меравад. Мелодрамахои бастакори чехи. Бенда (аз чумла, «Ариадна дар Наксос», 1774 ва «Ме­лея», 1775) ва бастакори немис К. Г. Нефе («Софонисба», 1782) машхуранд.

П. Нурчонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …