Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕЛИОРАЦИЯ

МЕЛИОРАЦИЯ

meleoratciyaМЕЛИОРАЦИЯ (аз лот. meliora- tio — бедгардони), мачмуи тадбирхои техники ва ташкилию хочагии катъиян бехтар намудани холати замин. Мелиорация имконият медихад, ки комплекси шароити табиии нохияхои калон ба манфиати одам тагйир дода шуда, барои флора ва фаунаи фоидабахш дар дохили хок режими мусоиди об, даво, гарми ва гизо ва дар кабати наздизаминии атмосфера режими нами, харорат ва харакати хаво фарохам ояд, мухити табиии махал солим ва бех гардад. Мелиорация омили мухими баланд бардошта­ни самаранокии хочагии кишлок, мебошад. Мелиорация хочагии кишлокро мустахкам намуда, онро аз офатхои табий эмин медорад.

Мелиорацияи заминхое, ки режими номусоиди об доранд, бештар маъмул аст.

Мелиорацияи заминхои намиашон аз хад зиёд барои ба вучуд овардани шароити гидрологии муътадил, пеш бурдани корхои сахрои ва гирифтани хосили устувору баланд пеш гирифта мешавад, ки он дар натичаи дур кардани оби барзиёд ба воситатаи каналхои пушидаю рукушод, дренаж, инчунин бо ёрии насосхо ба обгурезу хавзхо кашидани оби кабати хок, яъне хушкондани замин ба даст меояд.

Дар нохияхое, ки боришот каму бухоршави хеле зиёд аст, бо рохи обёрии сунъи (ниг. Обёри) нами лозими хокро таъмин мекунанд.

Хангоми обёри режими харорати хок бештар гардида, дар он бокимондахои органикии зиёд рух ва минералшавии онхо суст мешавад. Дар биёбон, нимбиёбон ва даштхое, ки чорводори инкишоф ёфтааст, чарогоххоро обшор (ниг. Обшоркуни) мекунанд. Дар нохияхои камоб ба­рои сарфа кардани об ба василаи сохтани обаноорхо, инчунин аз як хавза ба хавзаи дигар гузаронидани об танзими мавсимию бисьёрсолаи чараёни дарьёро пеш мегиранд. Ба Мелиорацияи ин гурух, инчунин ба Осиёи Миёна ва Казокистон райони кардани як кисми оби дарьёхо, танзи­ми дарьёхо — зиёд кардани кобилияти обгузаронии онхо, бо рохи ба­ланд кардани сохилхо пешгири на­мудани обхези, рост ва чукур кар­дани мачрои дарьёхо, сохтани обгард дар мачрои каналу дарьёхо ба­рои пешгири кардани тахшини об ва ба вучуд овардани кабати обногузар, инчунин хосил кардани кабати хоки хосилхез ба воситаи аз каналхои лойкаги ба заминхои серрегу санглох, мавзеъхои паст овар­дани лойка ва г. дохил мешаванд.

Тамоми комплекси Мелиорация, ки барои бехтар намудани режими номусоиди бои территория равона шудааст, Мелиорацияи гидротехники номида мешавад.

Заминхое, ки хусусиятхои номусоиди физики ва химияви доранд, асосан бо рохи Мелиорацияи химияви ва агромелиорация бехтар карда мешаванд. Шурии заминро бо обшуи ва шудгори чукур бартараф менамоянд.

Мелиорацияи заминхое, ки аз таъсири зарарноки механикии об ё бод аз кор баромадаанд, тадбирхои пешгирии таъсири зараровари обу бод (ниг. Эрозияи son), муборизаи зидди реги равон, регкучи ва г.-ро дар бар мегирад.

Мелиорация аз дигар тадбирхое, ки ба бехшавии замин, алалхусус баланд шудани хосилхезии хок алокаманданд, асосан бо давомнокии таъсири худ фарк мекунад. Бинобар ин Мелиорацияро «доими», «устувор», «асоси» мегуянд.

Системахои обёри бар хилофи шудгор, сихмола ва г., ки такрори харсоларо талаб мекунанд, иншооти дарозмухлатанд. Онхо барои ба заминхои оби овардани об ва обмонии зироати хочагии кишлок имкон медиханд.

Мелиорация хангоми истифодаи якчояи онхо самарабахш буда, бо корхои киштукору техники ва тадбирхои агротехники, ки дар бехтар намуда­ни шароити табиии замин комплекси ягонаро ташкил медиханд, алокаи зич дорад.

Дар Точикистон 1,6 млн га замини обёрибоб мавчуд аст. Холо дар республика 650 хазор га замин обёри карда мешавад. Заминхои оби дар водии дарьёхо ва поёноби чашмахои сершумор, ки аз куххо чорй меша­ванд, вокеъ гардидаанд. Холо дар Точикистон сохтмони системаи обёрии Дангара (75 хаз. га) давом до­рад. Заминхои водии Бешкент (19 хаэ. га), дашти Ашт (28 хаз. га) аз худ карда мешаванд. Дар ояндаи наздик аз худ кардани заминхои дашти Кизил (32 хаз. га), заминхои атрофи обанбори Кофарнихони По­ён (70 хаз. га), даштхои Каракум 19 хаз. га), Ойкул (14 хаз. га) пешбини шудаанд.

Азхудкунии минбаъдаи заминхои нав ба мураккабии рельефи онхо вобаста аст. Ин заминхо дар баландихо (баъзан дар баландии то 600 м) чойгиранд ва ба онхо бо ёрии станцияхои насоси об бароварда ме­шавад. Территорияи республика ба се нохияи хочагии об таксим ме­шавад, ки хар кадом рельеф, иклим ва гидрографияи ба худ хос доранд: чануб, шимол, маркази.

Буруки Тошработи канали Гулистони pайони Вахш.

Ба нохияхои хочагии оби чануб хавзахои дарёи Вахш, Панч ва Кофарнихон дохил мешаванд; бакияи хочагии оби шимол — хавзаи дарёи Сир (водии Фаргона ва чараёни мобайни); ба маркази — хавзаи д. Зарафшон (кисми болооби он).

Фонди замини республика ба нохияхои хочагии об нобаробар таксим мешавад. Хочагии оби чануб 64%, шимол 29%, маркази 7% заминхои республикаро обёри меку­нанд.

Усулхои оддитарини Мелиорацияро аз кадимулайём истифода мебурданд, Дар Месопотамия, Хиндустон, Мисри Кадим ва Хитой 5—3 хазор сол то м. обикори маълум буд. Дар водии дарёхои Дачла ва Фрот, дар кишв-хои Осиёи Хурд бисьёр иншооти оббрав кадим ёфт шудаанд. Дар сохилхои дарёхои Сир ва Аму хануз дар асрхои 8—7 то м. заминхоро обёри мекарданд. Баъд аз галабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь барои корхои сохтмо­ни комплексии мелиоративи шароити мусоид фарохам омад. Дар панчсолаи 1-ум (1929—32) дар СССР дав­раи нави тараккии Мелиорация cap шуд. Дар нахустин рузхои барпо гарди­дани Хокимияти Совети (17 май 1918) В. И. Ленин ба декрети ташкили корхои обёри дар Туркистон ва ба ин максад додани 50 млн сум имзо карда буд. Дар ин декрет вазифахои конкретии доир ба обёрии Мирзочул, даштхои Дилварзину кугрон, сохтани обанбор дар д. За­рафшон ва анчом додани сохтмони системаи ирригациони дар водии д. Чу ба миён гузошта шуда буд. Соли 1925 дар худуди Точикистон системаи обёрии ба назар намоёне набуд. Идорахои хочагии оби РАСС Точикистон ба баркарор намудани системаи обёри ва каналхои магистралии Чуйбор ва Чилликул (Вахш), Каттаарик, Чирик ва Сангоба (Шахртуз) Янги ва Каландчи (Панч) сарбавду канали Шурообод (Восеъ) ва якчанд каналхои дигар шуруъ карданд. Ба  туфайли гамхории Партияи коммунисти хануз соли 1929 замини обии Точикистон ба 225 хазор га расонида шуд, ки ин нисбат ба 1917 63 хазор га зиёд буд. Дар худи хамон солхо каналхои Шурообод (Куйбышев). Дехконарик (Фархор), Каттаарик (Шахртуз), Кистакуз ва Гулакандоз (Хучанд) ва дигар системахои обёри сота шуданд.

Азхудкунии заминхои водии Вахш (1931-34) дар таърихи инкишофи обёрии Точикистон роли мухим бозид. Холо системаи обёрии ордени «Нишони Фахри»-дори Вахш яке аз калонтарин системахои обёрии мамлакат мебошад, ки зиёда аз 100 хазор, га заминро обёри мекунад.

Пленуми майи КМ КПСС (I960) барои сохтмони мелиоративи дар Точикистон давраи нав кушод. Мувофики карори Пленуми майии КМ КПСС ва Пленуми июлии (1966) КМ КПСС Программаи конкретии сохт­мони ирригациони ва мелиоративии республика барои солхои минбаъда тартиб дода шуд.

Дар асоси ин программа солхои 1966—74 масохати заминхои обии колхозу совхозхои республика бештар аз 100 хазор га зиёд, холати мелиоративии 95 хазор га бештар карда шуд.

Бо карори съезди 26-уми КПСС дар панчсолаи 11-ум дар мамлакат про­граммаи азими мелиорацияи замин пешбини шуд. Ба истифода додани 3,4—3,6 млн га заминхои оби, хушконидани 3,7—3,9 млн га заминхои сернам, обшор кардани 26—28 млн га минтакахои биёбону нимбиёбон ва нохияхои кухи пешбини шудааст. Аз чумла дар Точикистон 50—55 хазор га заминхои нав аз худ ва хазор га обшор карда мешаванд.

Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь дар Точикистон шабакаи муассисахои тадкикоти илми, лоихакаши таъсис ёфтанд, ки ба масъалахои илми Мелиорация машгуланд: Стансияхои хокшиноси— мелиоративии Вахшу Ленинобод, Институтхои тадкикоти илмии хокшино­си ва зироат.

Дар инкпшофи илми М. Антипов- Каратаев И. И., Грабовская О. А., Керзум П. А., Панкратов П. А., Бонгковский Ф. Н. ва дигар сахми калон гузоштанд. Факултети гидроме­лиорацияи Институти хочагии кишлоки Точикистон ва Техникуми политехникии Душанбе хар кадом беш аз 2000 мутахассис тайёр карданд. Техникуми мелиоративии райони Зафаробод соле беш аз 150 мелиоратор тайёр мекунад. Лоихаи аз худ кардани хамаи пассивхоро Инстиути лоихакашии «Точикгипроводхоз» тартиб медихад. Маколахои илмию истехсолии оид ба Мелиорация дар сахифахои журнали «Хочагии кишлоки Точикистон» (аз с. 1947) чоп мешаванд.

Ад.: Костяков А. Н., Основы ме­лиорации, М.. 1960; Шаров И. А., Эксулиатция гидромелиоративных систем. М. 1968;  Планы партии по мелиорации воплощаются в жизнь, М., 1976.

М. Абдусамадов, А. Холиков. Х. Очилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.