Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕКСИКА

МЕКСИКА

meksika-1МЕКСИКА (Mejico, Mexico), Штатхои Муттахидаи Мек­сика (Estados Unidos Mexicands), давлат дар чанубу гарби Америкаи Шимоли. Аз Шим. бо ШМА, аз Ч- Ш. бо Гватемала ва Белиз хамсархад аст. Онро дар Гарб ва Чануби укёнуси Ором, дар Ш. укёнуси Атлантик ихота кардааст. Масохаташ 1958,2 хазор км3. Ахолиаш 70 млн нафар (1980). Пойтахташ ш. Мехико (бо ахолии атрофаш такрибан 11,8 млн нафар, 1978). Аз чихати маъмури ба 31 штат, 1 округи федерали ва 2 территория таксим мешавад.

Сохти давлати. Мек­сика— республикаи федеративи. Конституцияи хозирааш с. 1917 кабул шудааст. Сардори дав­лат ва хукумат — президент, ки ба мухлати 6 сол интихоб мешавад. Вай сарвазир, хизматчиёни олии дав­лати, губернаторони штатхо, округи федерали ва г-ро таъин менамояд, тамомя масъалахои мухими сиёсати дохили ва хоричиро хал мекунад, сарфармондехи куввахои мусаллах мебошад ва шартномахои байналхалкиро имзо мекунад. Органи олии конунбарори хокимият парламент дупалатаги — Конгрегси миллист, ки он аз сенат (ба мухлати 6 сол ин­тихоб мешавад) ва палатаи депутатхо (ба мухлати 3 сол интихоб меша­вад) иборат аст.

Хар як штат конституция ва конг­ресси якпалатаги (Мачлиси конунбарор)-и худро дорад. Мувофики конституцияи федоралии Мек­сика штатхо хукуки аз федерация баромаданро надоранд. Системаи суди: Суди оли, судхои округи ва райони, судхои штатхо. Дар штатхо системаи суди аз судхои оли, судхои инстанцияи якум ва судхои муниципали иборат.

Табиат. Мексика дар кисми чанубии к-хои Кордильераи Америкаи Шимоли ва кисман Кордильераи Америкаи Маркази чойгир аст. Сохилхояш паст ва чо-чо лагуна дорад. Кисми зиёди мамлакатро кухсори Мексика ишгол кардааст. Дар Шим. Г.-и мамлакат нимчазираи кухистонии Калифор­ния, дар Чануби кухсорони Чьяпас ва Сьерра-Мадреи Чануби ва дар Ч. Ш. пастии нимчаз. Юкатан вокеъ гардидааст. Дар Ч. пастхамии д. Баль­сас кухсори Мексикаро аз кухистони Сьерра — Мадреи Чануби (3703 м) чудо мекунад. Дар Ч. зуд-зуд зилзила ба амал меояд. Сарватхои зеризамини: сурб, рух, мис, сурма, марги муш, нукра, симоб, сулфур, маъдани уран ва г. Иклими кисми зиёди М. тропики, дар Шим. субтропикист. Харор. миёнаи январ аз 10^ С дар Шим. Г. то 25° С дар Ч. дар Шим. кухсори Мексика хаво баъзан то —20° С хунук мешавад. Харорати миёнаи июль аз 15° С дар хамворихои баланди кухсор, то 30° С дар сохили халичи Калифорния. Боришоти соло­на дар Шимол ва нишебии бодпанахи куххо 100—200 мм, дар нишебии чанубм кухсори Мексика 2000—3000 мм. Дарьёхо ахамияти наклиёти надо­ранд, вале захираи бои гидроэнергетики мебошанд. Д-хои калон: Рио-Браво-дель Норте (Рио-Гранде) бо шохобхояш Кончос, Лерма, дар ча­раёни поёнаш Рио-Гранде-де-Санть- яго ном дорад, Бальсас. Кули калонтарин — Чапала. Дар Шим. Г. хоки хокистарранги биёбони, дар куххо хоки кахваранг, кахваранги хокистартоб, хоки сурхи саваянаги ва хо­ки бури бешаги, дар пастихо хоки кахваранги хокистартоб, кахваранги сурхтоб, хоки сурхи саваянаги ва ботлоки бартари дорад. Олами набототаш бою гуногун. Дар Шим. кух­сори Мексика бештар набототи хушкидуст, инчунин буттазорхои нозгул меруяд. Атрофи кухсорро бешаи дарахтони булут, момроз, зайзафуя, ладен, сузанбарг пушонидаанд. Дар Ч ва Ш.-и мамлакат бешаи тропики, дар нишебихои сохили ук. Атлантик бешаи хамешасабзи сер­нам, дар нишебихои сохили ук. Ором бешаи хушки дарахтони хазонрез бештаранд. Аз олами хайвонот харгуш, рубох, койот, хирси сиёх, силовсин, гурбаи вахши, дар саваннахо гавазн, чайра, дар бешахои тропики 2 намуди маймун, тапир ва паланг вомехуранд. Мексика 48 бори милли дорад.

Ахоли. Кисми зиёди ахоли мексикоихоанд. Аксарияти халкхои махаллии хинду (ацтекхо, майя, хуастекхо, миштекхо ва диг.) забон ва маданияти худро кисман нигох доштаанд. Дар Мексика инчунин халкхои аз Европа кучидаомада (мспанихо, немного, франсавихо, италиявиён ва диг. халкхо) зиндаги мекунанд. Забони давлати — испани. Дини хукмрон — католики. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 34,2 нафар (1978). Шахрхои калон: Мехико, Гвадалахара, Мон­террей, Леон, Сьюдад-Хуарес.

Очерки таърихи. Одам дар терр. Мек­сика хануз дар давраи палеолити боло (20—15 хаз. сол то м.) маскан карда буд. Дар ибтидои асри нав дар Шим. Г. Америкаи Маркази кабилахои майя зиндаги мекарданд. Дар Мек­сикаи Маркази дар нимаи дуюми хазораи 1 м. маданияти толтекхо ба авчи тараккиёт расид. Дар асри 12 аз Шим. ацтекхо омада, ибтидои асри 14 дар чои хозираи ш. Мехико ном пойтахт буньёд карданд ва тамоми Мек­сикаи Марказиро ба худ тобеъ намуданд. Соли 1519 испанихо ба истилои Мек­сика cap карда, онро охири асри 16 ба тобеияти худ дароварданд. Истилогарон дар мамлакат тартиботи феодалию гуломиро чори карданд. С. 1535 Мек­сика ба хайати шохии Испанияи Нав дохил шуд. Дар ин чо аз ох. а. 18 — ибт. а. 19 муносибатхои капиталисти ташаккул ёфтанд. Табакахои гуногуни ахоли аз сиёсати мустамликадории Испания беш аз пеш норози мешуданд. Муборизае, ки дар Америка с-хои 1810—26 барои истиклолияти мустамликахои Испания чараён дошт, дар Мек­сика ба харакати тавонои озодихохи табдил ёфт. Шуриши оммавии дехконон (1810—15) аввал бо сардории М. Идальго ва баъд X. М. Морелос cap зад. Шуриш берахмона пахш, Идальго ва Море­лос катл карда шуданд. Дар асари таъсири Револютсияи буржуазии Испания (1820—23) дар Мек­сика харакати озодихохи авч гирифт. Заминдорону савдогарони калон, рухониёну амалдорон бо сардории А. Итурбиде ба нигох доштани хукмронии худ ба мубориза барои истиклолияти Мек­сика cap карданд ва халк ин муборизаро тарафдори кард. Армияи Итурбиде Мехикоро ишгол намуд ва 28 сентябри 1821 истиклолияти Мек­сика эълон карда шуд ва аз тобеияти Испания баромад. Маи 1822 А. Итурбиде худро император эълон кард, аммо тарафдоррни сохти республикави соли 1823 империяи уро сарнагун карданд. 4 октябри соли 1824 Мек­сика республикаи федеративи эълон гардид. Дар дахсолахои аввалини мавчудияти он як катор табаддулоту исьёнхо ба вукуъ омад ва мамлакат хароб гардид. Капита­ли хоричи ба иктисодиёти Мек­сика васеъ рох ёфт. Соли 1846 ШМА ба мукобили Мек­сика чанг cap карда, нисфи зиёди терр. онро (шартномаи 1848) кашида гирифтанд.

Соли 1853 ШМА ба души Мек­сика шартно­маи нав бор карда, боз 120 хазор км2 хоки онро гирифтанд. То миёнаи асри 19 дар Мек­сика ду кувваи сиёси — консерваторхо (блоки помещикони калон, рухониён, харбиён) ва либералхо (блоки буржуазия ва офицерон) ба майдон омад. Соли 1854 револютсияи буржуази ба амал омад. Ба сари хокимият либералхо омаданд ва соли 1857 конституцияи прогрессивй кабул наму­данд. Консерваторхо чанги граждани cap карданд, аммо соли 1860 шикаст хурданд. Соли 1861 Англия, Франция ва Испания барои сарнагун кардани хукумати Б. Хуарес интервенция cap карданд. Вале ба мукобилати сахти халк дучор шуда, мамлакатро тарк намуданд. Мубориза барои Хокимият, ки баъди вафоти Б. Хуарес (1872) cap шуд, соли 1876 бо галабаи генерал П. Диас анчом ёфт. Зуроварии монополияхои Америка дар иктисодиёт, бокимондахои феодали, диктатураи реакцияи клерикалию помещики, бехукукии сиёсии халк сабаби cap задани Револютсияи 1910—17 Мексика гардид, ки дар натичаи он конституцияи нав кабул карда шуд.

Дар асри таъсири Револютсияи Кабири Социалисти Октябрь харакати коргарону дехконон авч гирифта, муборизаи халки Мек­сика бар зиддм зулми империалистони хоричи шиддат ёфт. Соли 1919 Партияи коммунистии Мексика (ПКМ) ташкил шуд. Соли 1924 Мек­сика бо СССР муносибатхои дипломати мукаррар кард. Солхои 20 давраи корнартоихои оммави буд. Реакция дар солхои бухрони иктисодии чахони (1929—33) таъкиби Партияи коммунисти ва дигар ташкилотхои прогрессивиро пурзур намуд. Соли 1930 хукумати буржуази-помещики муносибатхои дипломатиашро аз СССР канд. Сиёсати иртичои, беш аз пеш бад шудани ахволи мехнаткашон дар аввали солхои 30 ба авчи харакати революциони — корпартоихо, намоишхо, меъёнхои дездонон мусоидат кард. Дар чунин вазъият соли 1934 Л. Карденаси-дель-Рио (1934—40) президент интихоб шуда ислохоти аграри гузаронид ва моликияти ширкатхои хоричиро милли кунонид. Ба туфайли чунин тадбирхо пояи хукмронии латифундистом дар Мексика басо суст шуд. Солхои 1936—39 Мек­сика сохти республикавии Испанияро тарафдори кард. Мек­сика солхои Чанги дуюми чахони коалицияи зиддигитлериро та­рафдори кард. Соли 1942 бо СССР муносибатхои дипломати баркарор на­муд. Хукуматхои М. Авило Камачо (1940—46) ва М. Алеман (1946—52) сиёсати хоричии Мек­сикаро аз бисьёр чихат тобеи манфиатхои ШМА намуда, барои дохилшавии капитали америкои ба мамлакат имконият фарохам овард. Мек­сика аз соли 1948 аъзои Ташкилоти давлатхои америкои (ТДА) мебошад. Сиёсати зиддихалкии синфхои хукмрон норозигии халк ва муборизаи синфиро тезу тунд гардонид. Хукумати президент А. Руис Кортинес (1952—58) ба мукобили порахури як катор тадбирхои прогрессиви андешид. Соли 1953 занхо баробари мардон хукуки сиёси гирифтанд. Мек­сика дар Конференци­яи 10-уми байниамерикоии Каракас (1954) резолюцияеро, ки ба ИМА имконият медод ба корхои дохилии мамлакатхои Америкаи Лотини мудохила намояд, тарафдори кард. Аммо хукумати Кортинес барои бехтар намудани шароити зиндагии мехнаткашон чорае наандешид. Дар Мек­сика корпартоии оммави cap шуд. Дар чунин вазъият А. Лопес Матеос (1958—64) ба сари хокимият омада, энергетикаи мамлакатро милли ку­нонид (1960), дар хусуси сохибихтиёрии Мек­сика бар саноати маъдани кухи ва дар бораи дар баъзе сохахои дигари саноат махдуд намудани хукмронии капитали хоричи конун ка­бул намуд. Хукумати Матеос принсипи ба корхои дохилии мамлакатхои дигар мудохила нанамуданро тарафдори мекард. Мек­сика амалиёти тачовузкоронаи ШМА ва ТДА-ро бар зидди Кубаи революциони дастгири накард ва он яке аз мамлакатхои Америкаи Лотиниест, ки муносибатхои дипломатиашро аз Куба наканд. Соли 1969 баъзе рохбарони ПКМ ва дигар ходимони тараккихох ба хабс гирифта шуданд. Хукумати Л. Эчеврриа (1970—76) доир ба интихобот, ислохоти аграри, музди мехнаткоргарону хизматчиён конуни нав кабул намуда, доираи алокахои савдои беруниро васеътар кард. Кагьи назар аз ин дар давраи хукмронии у суръати тараккиёти иктисоди ва курби пул паст шуда, бекори ва карзи хоричи афзуд.

Маъмурияти Л. Портильо, ки с. 1976 ба сари хокимият омад, бо максади аз чунин вазъият начот додани мамлакат диккати асосиро ба халли масъалахои иктисоди равона намуд. Мек­сика аз соли 1945 аъзои ТДМ мебошад. Соли 1874 партияи нав — Партияи демократии Мексика ташкил ёфт. Соли 1972 Мек­сика бо РХХ, 1973 бо РДГ ва Румыния, соли 1974 бо РХВ, РХБ, Ал­бания муносибатхои дипломати мукаррар намуд. Соли 1974 (нояб.) муносибаташро аз Чили канд.

Соли 1977 дар мамлакат кризиси социали-иктисоди ва сиёси давом кард. Хукумат барои муътадил намудани зиддиятхои дохилисинфи саъю кушиш мекард, ба куввахои демократи, ки бо максади ба амал баровардани ислохоти социалию иктисоди, демократиконии мамлакат, мустахкам намудани сохибистиклолии иктисодии он ба доирахои хукмрон фишор оварда буданд, гузаштхо кунад.

Мохи октябрь Конгресси милли тагйир дода шудани чандин моддаи конституцияро оид ба ислохоти системаи интихоботи маъкул кард. Мохи декабрь палатаи депутатхои Конгресси милли лоихаи конуни президентро ба ташкилотхои сиёси ва ислохоти интихоботи маъкул донист. Мохи май 1978 Комисияи Федералии интихоботи карор кабул кард, ки ПКМ дар интихоботи уму­мии соли 1979 шартан иштирок ку­над. Мохи сентябрь дар бораи афви умумии махбусони сиёси конун ба хукми худ даромад.

Дар сохаи сиёсати хоричи Мек­сика прниципхои сохибистиклоли, дахолатнопазири ва хукуки худмуайянкуниро пеш мебарад. Соли 1978 муносибатхои Мек­сика бо ШМА, асосан дар масъалаи аз Мек­сика ба ШМА кашондани нефт ва гази табии тезутунд шуданд.

Хамкории Мек­сика бо СССР ва дигар давлатхои иттиходи социалисти торафт васеътар мешавад.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба. Партияи институциони-революциони (ПИР), таъсисаш 1929, партияи хукумати. Солхои 1929—36 дар пинхонкори буд. Партияи харакати милли (ПХМ), таъсисаш 1939, партияи оппозициони. Партияи хакикии революцияи Мексика (ГОуРМ), таъсисаш 1957. Партияи халкии социалисти (ПХС), таъсисаш 1948.

Партияи Коммунистии Мексика (ПКМ), таъсисаш 1919.

Конфедерацияи мехнаткашони Мексика (КММ), соли 1936 ташкил шудааст. Иттифоки умумии коргарону дехконони Мексика (ИУКД) ба номи Хасипто Лопес, соли 1949 ташкил шудааст. Конфедераци­яи регионалии коргарони Мексика (КРКМ), соли 1918 таш­кил шудааст. Конфедерацияи революционии коргару дехкон (КРКД). Конфедера­цияи революционии мех­наткашон (КРМ), таъсисаш 1954. Федерацияи иттифокхои касабаи хизматчиёни давлати (ФИКХД), таъсисаш 1938.

Хочаги. Мек­сика яке аз мамлакатхои аз чихати иктисоди хеле тараккикардаи Америкаи Лотинист. Наклиёт, саноати нефту истихрочи маъдан, корхонахои электроэнергетики мил­ли кунонда шудаанд. Соли 1973 дар Мек­сика дар бораи вусъати маблаггузории Мексикои ва ба тартиб даровардани маблаггузории хоричи конун кабул гардида, мувофики он амалиёти ширкатхои хоричи дар мамлакат зери назорат гирифта шуд. Аммо ка­питали хоричи хануз бокист. Соли 1979 микдори умумии маблаггузории давлатхои хоричи ба иктисодиёти Мек­сика ба 7,3 млрд доллар расид. Истихрочи нефт афзуда, химияи нефт, саноати истихрочи маъдан, электроэнергетика, истехсоли воситахои наклиёт тез таракки мекунанд. Районхои асосии истихрочи нефту газ кисми марказии сохилхои хал. Мексика (ш-хои Тампико, Поса-Рика-де-Идальго ва г.) мебошанд. Солхои охир истихрочи нефт дар конхои наву бои гарданаи Теуантепек, дар шт-хои Табаско ва Чьяпас босуръат инкишоф меёбад. Соли 1979 74 млн нефт, 30,2 млрд мэ гази табии истехсол шуд. Марказхои асосии саноати химия: Рейноса, Сьюдад-Мадера, Саламанка, Минатитлаи. Марказхои металлургияи сиёх: Монтеррей, Монклова, Пье- драс-Неграс, Лас-Тручас; металлур­гияи ранга: Ниуауа, Торреон, Мон­террей, Сальтильо ва г. Дар Верак­рус заводи алюминий кор мекунад. Дар Монтеррей, Рейноса, Минатит­лаи, Саламанка, Монклова кислотаи сулфат, сода, нурихои нитрогени истехсол мекунанд. Калонтарин з-ди нурихои фосфории Америкаи Лотини дар Коацакоалькос вокеъ гаштааст. Дар саноати мошинсози корхонахои васли автомобил ва таъмиркунанда бартари доранд. Мухаррикхои автомобиле, электромоторхо, трансформатора ва г. истехсол ме­шавад (Мехико, Гвадалахара, Монтеррей, Сьюдад-Саагун). Истехсоли матоъхои пахтагин, пашмин, нахи синтетики инкишоф ёфтааст. Сохахои саноати хуроквори, пиво, орд, равган, консерва, саноати истехсоли цемент, чубу тахта, когаз, пусту пойафзол таракки кардаанд. Калонтарин ст-хои электри дар шт-хои Мехико ва Пуэбло вокеанд. 40% ахолии кобили мехнат бо корхои хочагии кишлок машгул аст. Кисми зиёди замин дар дасти заминдорони калон мебошад. Шакли заминдории общинаги (эхидос) низ вучуд дорад. Сохаи асосии хочагии кишлок— зироаткори. Ба­рои истеъмол чуворнмакка, шоли, гандум, лубиё мекоранд. Зироати экспорти: пахта, кахва, найшакар, банан, помидор, лимую афлесун ва г. Мек­сика калонтарин мамлакати истехсол ва экспорткунандаи (кариб 90% истехсолоти чахони) нахи агава (хенекен) мебошад. Махсулоти чорвои сергушт  хиссаи арзиши тамоми махсулоти хочагии кишлокро ташкил медихад. Соли 1980 Мек­сика (ба хисоби млн cap) 29,5 гов, 12,7 хук, 7,9 гусфанд ва 8,5 буз дошт. Ба микдори зиёд мохи, харчанги бахри ва г. сайд мекунанд.

Тули рохи охан 24,9 хазор км2, рохи автомобилгард 212 хазор км. Наклиёти бахри зиёда аз 50% бори экспорти ва 30% импортиро мекашонад. Бай­дархои калон: Веракрус, Салина- Крус, Гуаймас, Тампико. Наклиёти хавои низ инкишоф ёфтааст. Мек­сика ба хорича канд, кахва, мева ва сабзавот, гушт, гов, пахта, нефт, нукра, сулфур, сурб, рух, мис, манган, флюорит, графит, сурма бароварда, аз он чо мошин, тачхизоти саноати, воситахои наклиёт ва г. мегирад. Шарикони асосии савдояш: ШМА, Япония, РФГ, Британияи Кабир, Франция, Италия. Мек­сика бо СССР ва дигар мамлакатхои иттиходи социалисти робитахои тичоратию иктисоди ва илмию техники дорад. Соли 1975 байни Мек­сика ва Совети ёрии хамдигарии иктисоди созишномаи хамкори ба имзо расид. Алокаи тичоратии Мек­сика бо мамлакатхои ассоциацияи савдои озоди Америкаи Лотини ва мамлакатхои Америкаи Маркази меафзояд. Вохиди пул — песо.

Нигахдории тандурусти. Соли 1974 ба 1 хазор нафар ахоли 43,4 таваллуд ва 7,2 фавт, ба 1 хазор нафар кудаки навзод 51,9 фавт рост омад. Дарозии умр ба хисоби миёна 60 сол. Беморихои сирояти ва паталогияи паразитари, беморихои варача, меъдаю руда, сил, чимой пахн шудаанд. Соли 1971 дар Мек­сика 1521 муассисаи табобатии дорои 62,5 хазор кат [ба 10 хазор нафар 12,3 кат) буд. Соли 1970 дар Мек­сика 33,9 хазор духтур (ба 1440 нафар 1 духтур), 5,1 хазор духтури дандои, 31,2 хазор дигар коркунони тибби буд.

Матбуот, радио, телевизион. Дар Мек­сика кариб 1600 номгуй адабиёти даври, аз чумла 200 газетаи хафтаина нашр мешуд. Газетахои бонуфузи харрузаи Мехико: «Насиональ» («Б1 National»), аз соли 1929, Хукумати; «Новедадес» («Novcdades»), аз соли 1936; «Пренса» («La Ргепза»), аз соли 1928; «Соль де Мехико» («Е1 Sol de Mexico»), аз соли 1965; «Эксельсиор» («Excelsior»), аз соли 1917 ва г. ЗК-хо: «Сьемпре» («Siempre»), аз соли 1953; «Сосиалисимо» («Sosialisimo»), органи илми-назариявии ПКМ. Агентии ахбороти: ИНФОРМЕКС ва АМЕКС (чамъиятхои акционер), НОТИМЕКС, хукумати. Ба радиошунавонию телевизион саруправленияи алока назорат мекунад. Мек­сика 574 ст. радио, 83 ст. телевизион до­рад. Телевизиони Мек­сика аз соли 1950 амал мекунад.

Адабиёт. То истилои Испания (а. 16) адабиёт дар заминаи забонхои махалли, ки онхо аз хати иероглиф истифода мебурданд, инкишоф меёфт. Маданияти Хиндуён катъи назар аз таъкибот вучуд дошт ва ба тяраккиёти минбаъдаи адабиёти Мек­сика таъсири калон мерасонд. Аз ибтидои давраи мустамликави адабиёти Мек­сика ба забони испани равнак ёфт. Жанри асосии адабиёт насри таърихи буд, Аввалин асари бадеии Мек­сика достони Б. до Вальбузна (1568—1627) «Хашамати Мексика» (1604) аст. То ибтидои асри 19 назми Мек­сика, ки яке аз намудани асосии адабиёти он буд, дар зами­наи анъанахои бароккои испани ин­кишоф меёфт: эчодиёти Хуана Инес де ла Крус (1651—95). Дар давраи Чанги Истиклолиятхохи (1810—24) публицистика ва назми ватандусти (А. Кинтана Роб, 1787—1851) равнак ёфт. Дар аввалин романи мексикагии X. Фернандес де Лисарди (1776—1327) «Перикильо Сарниенто» (кисми 1-умаш соли 1816 нашр шуд) хаёти мустамликави хачв шудааст. Дар адабиёти Мек­сика романтизм ба вучуд омад (назми М. Акунья, 1849— 73; Г. Прието, 1818—97). Романтизм дар наср дертар пайдо шуда дар як вакт тамоюли костумбристи гирифта, саромади реализм гардид: роман­хои М. Пайно (1810—94), Л. Инклан (1816—75), X. Т. де Куэльяг) (1830-94) Романхои ходими барчастаи чамъияти, мунаккид ва публицист И. М. Альтамирано (1834—93) дар рухи романтизм навишта шудаанд. Модернизм дар назм а-хои 19—20 ба вучуд омад: М. X. Отон (1858— 1906), М. Гутьеррес Нахера (1859—95. Тамоюли реалисти дар наср дар давраи диктатураи П. Диас пойдор гардид. Р. Дельгадо (1858—1914), X. Лопес Портильо-u Рохас (1850— 1923), Ф. Гамбоа (1864-1939) дар асархояшон хаёти чамъиятию сиёсии Мек­сикаро зери танкид гирифтанд. Револютсияи буржуази-демократии солхои 1910—17 Мексика ва Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь рохи тараккиёти минбаъдаи адабиёти Мек­сикаро муайян кардавд. Мек­сика Асуэла (1873—1952), ки дар романи «Поёнишинон» шуришхои стихиявии дехкононро инъикос намудааст» ба жанри революционии мидли асос гузошт. Аввалин маротиба махз хамин чараёни бадеи харакати оммавии халк ихтилофтхои тунди ичтимоии даврахои пешу баъди революционхое тасвир наму­даст. Романхои М. Л. Гусман (1887—1960), Г. Лопеси Фуэнтес (1897—1966), X. Р. Ромеро (1890— 1952), X Мансисидор (1895—1966), пьесахои Р. Усигли (тав. 1905) дар пайравии он эчод шудаанд. Дар ашъори Р. Лопес Валерде (1888— 1921), Э. Гонсалес Мартинес (1871— 1952), К. Пельнсер (тав. 1899), О. Пас (тав. 1914) хусусиятхои хаёти милли ва чахони маънавии мексикониён возех ифода гаштаанд. Дар насри Мек­сика аз миёнахои солхои 50 рав­ияи нав мушохида мегардад. Романнависон М. А. Яньес (тав. 1904), X. Рульфо (тав. 1918), К. Фуэнтес (тав. 1928) ва диг. тадкики бадеии вокеияти миллиро амиктар намуда, масъалахои умумиинсони ва воситахои нави тасвири онро чустучук мекунанд.

Санъати меъмори на тасвири. Санъати меъмори ва тасвирии Мек­сика таърихи кадими дошта, хануз дар хазораи 1-уми то милод ба пояхои баланд расида буд. Мардумони сокини ин сарзамин—тотонакхо, толътекхо, ацтекхо, сапотекхо, миштекхо, маня ва г. хар яке санъати ба худ хоси кадимае доштанд. Ба санъ­ати меъмории даврахои кадими Мек­сика сохтмони бинохои ахромшакли мухташам ва нихоят бузург хос буд (масалан гирдогирди ахроми Чолула 440 м меомад). Санъати тасвири бошад, хануз дар хазораи 2-юми то милод равнак дошт ва аз хазораи 1- уми то милод cap карда, ба авчи инкишоф расид. Дар ив давра мавзуи муборизаи хаёту мамот бо тарзу усулхои гуногун (хайкалтароши, мучассамасози, кандакори, наккоши, наккори, заргари, кулоли ва г.) хеле ачибу гариб инъикос мегардид. Ис­тилои испанхо боиси таназзули санъати меъмори ва тасвирии халкхои махалли гардид ва дар навбати худ ин ду санъат ба хам омехта, ба санъати миллии Мек­сика асос гузошт. Пас Ч истилои испанхо, дар давраи хукмронии онхо (аз асри 16 cap карда ибтидои а. 19) дар Мек­сика санъати меъмори хеле пеш рафт, ки мабдаи он санъати меъмории Испания бошад хам вале бнсёр хусусияту нишонаву аломатхои меъмории миллиро Дар худ тачассум менамуд. Дар ин давра бисьёр маъбаду калисохо (Дар Пуабло — 1555 — 1649; дар Мехико —1563—1667; дар Тласкала — Карибихои 1745—60 ва г.) буньёд гардиданд, ки бо услубхои омехтаи готика, платереско ва музохара ороиш ёфта буданд. Санъати тасвирии давраи мустамликадори низ хусусияти ачоиб дошта, дар ин давра бо усулу воситахои санъати кадимии Мек­сика дар деворхои маъбаду ка­лисохо дар мавзухои дини хам насрони ва хам махалли бисёр асархои калон эчод карда шуданд. Maхз дар хамин давра санъати портреткаши хам пайдо шуд, ки намояндагони он (Хуарес, де Эгаве, М. Каб­рера) рухияи одами тасвиршавандаро аник ифода кунанд хам тамоми расмро бехад зебу зиннат медоданд.

Дар асри 19 ва алалхусус, дар нимаи дуюми он дар пойтахти Мек­сика бисьёр

бинохои бохашамат сохта шуданд (масалан, Касри санъати нафиса, 1904—34, меъмор А. Боари). Дар солхои 20—30 асри 19 дар санъати меъмории Мек­сика услуби неоклассицизм ва функционализм хеле равнак дошг. Гайр аз ин, ба истилох услуби меъмории таркиби низ буд, кн намояндагони он (Л. Барраган, X. О. Горман) дар баробари истифодаи усулхои анъанавии милли бинохои худро ба шакли абстракт сохта, онхоро бо мучассамахои абстракти ороиш медоданд. Дар солхои 50—60 сохтмони бинохои хозиразамони бисьёрошьёнаи оханубетони маъмул гардид. Хусусан ба муносибати Олимпиадаи соли 1968 бисёр иншоот сохта шуд (масалан, стадиони Ац­тека, меъмор П. Рамирес Васкес; Касри спорт, меъмор Ф. Кандела).

Дар асри 19 санъати тасвири аз банди анъанахои санъати давраи мустамликадори тадричан рахои ёфта мавзуи милли ва персонажхои халки ба мадди аввал мебароянд. Ба санъати ин давраи Мек­сика услуби костумбризм хос аст, ки он кариб ба тамоми санъати мамлакатхои Аме­рикаи Лотини мулхак мебошад. Дар ин давра санъати сиёхкалами (Г. В. Гаона ва диг.), портреткаши (X. М. Эстрада, Э. Бустос ва диг.), манзаранигори (X. Кордеро, X. Обергон) низ пеш рафтанд. Алалхусус дар манзаранигори рассомон X М. Веласко ва X. Мурильо хеле шухpaт ёфтанд. Дар санъати тасвири X Г. Посада асосгузори равияи революционии демократи буд. Рев. солхои 1910—17 М. Д. Ривера, X. К. Орос­ко, Д. Сикейрос барин рассомонро ба эчоди асархои баландгоя тахрик намуд. Алалхусус, асархои монументалии Д. Сикейрос бо хашамат, салобат ва шавкати худ касро ба хайрат меоваранд (масалан, асари машхури Д. Сикейрос «Полифорум» дар Мехико, 1971). Дар миёнахои солхои 20 «Иттиходи сиёхкаламии халк» ном ташкилоте ба вучуд омад, ки бисьёр рассомони пешкадам ро (Л. Мендес, П. О. Хиггинс, А. Бельтран, А. Гарсиа Бустос ва диг.) муттахид кард. Алхол санъа­ти меъмори ва тасвирии М. анъанахои миллии худро истифода бурда, машгули эчоди асару осорхои нав аст.

Мусики. Раксу суруди миллии Мек­сика таърихи дурудароз дорад ва ба андозае бо маросимхои дини илхок мебошад. Сокинони ин сарзамин накора, зангула, чанг, гушмохихои тешукдор барин асбобхои мусикиро истифода бурда навохои панчкатораи равону мавзуне меофариданд. Пас аз истилои испанихо ба мусикии милли санъати мусикии испани ва креоли хеле таъсир расонд ва боиси офариниши сон, харабе, узпанга, хабанера барин анвои ракс ва капсьон, корридо барин навохо гардид.

Мусикии касби дар Мек­сика дар ибтидои асри 16 ривоч ёфт. Соли 1523 дар Тескоко ва соли 1527 дар Мехико аввалин мактабхои мусики кушода шуданд. Азбаски асрхои 16—17 давраи насроникунии хиндухо буд, ба хамин сабаб мусикии калисо хеле пеш рафт. Дар ибтидои асри 18 мусикии калисо ру ба таназзул ниход ва аз ибтидои асри 19 cap карда дар театрхо операхои бастакорони Италияро намоиш медодаги шуданд. Бастакор ва дирижёр М. Элисага соли 1825 нахустин Академияи мусики, с. 1826 нахустин оркестри симфониро ташкил кард. Соли 1866 консерватория таъсис ёфт, ки он соли 1877 ба Консерваторияи милли мубаддал шуд. Аз ибтидои асри 19 cap карда бисёр бастакорони милли (С. Паниагуан-Васкес, А. Ортега, М. Мо­ралес) ба арсаи санъати мусики кадам ниходанд. Дар нимаи якуми а. 20 санъати мусикии Мек­сика хеле так­мил ёфт ва эчодиёти асосгузорони мактаби миллии бастакори С. Ревуэльтас ва К. Чавос махз ба хамин давра тааллук дорад. Ходимони намоёни санъати мусикии имрузаи Мек­сика бастакорон Л. Санди, Д. Аяла, Б. Галиндо, Р. Альфтер, дирижёр А. Эрера дела Фуэнте, скрипканавоз Г. Шеринг, пианинонавозон К. Ба­рахас ва М. Т. Кастрильон, гитарнавоз А. Брибьеска, хофиза X. Арая ва Э. Касановес ва бисьёр дигарон мебошанд.

Театр ва балет. Санъати театри Мек­сика ба маросимоти кадимии динии хиндухо асос ёфтааст. Нахустин те­атр дар Мек­сика соли 1597 кушода шуд, ки он «Кacpи мазхака» ном дошт. Баъди истилои Мек­сика воизони испани дар мавзуи дини рузхои ид намоишхои театри ташкил карда бо хамин гояхои насронияро пахн менамуданд.

Соли 1670 дар Мехико нахустин театри доимии оммави «Калисо» таъсис ёфт, ки он асри 18 такмил ёфта «Нузво Колисео» ном гирифт. Соли 1823 на­хустин театри халки «Театро дель паленке де лос гальос» таъсис ёфта дар хамин давра расман таълиму тарбияи актёрони драма огоз ёфт. Дар асри 19 ва нимаи якуми асри 20 дар Мек­сика якчанд драмнависхои намоён (М. Э. Горостиса, Ф. Гамбоя, X. X. Руэда, X. X. Гамбоя, М. Давалос ва диг.) пайдо шуда, соли 1923 Иттифоки драмнависхо таъсис ёфт. Аз охирхои солхои 20-ум cap карда  харакати навсозии театрхо хеле авч ги­рифт, чанд театрхои пешкадам («Улиссе», «Орьентасьон», «Театро де зора» ва г.) кушода шуданд. Хозир машхуртарин театрхои М.: «Идальго», «Хименес Руэда», «Хола», «Реформа», «Инсурхентес», Театри бачахо, Театри лухтакхо («Гинь­оль») ва г.

Асоси санъати хореографии Мек­сика санъати ракси халкии хиндуён аст, ки он баъдтар бо анъанахои раис­хои испани омехта шуда, дар нихоят санъати миллии раксии хозиразамони Мек­сика пайдо шуд. Соли 1947 бастакор К. Чавос дар хузури Институти мил­лии санъати нафиса Академияи санъати ракси Мексикаро таъсис дод. Махз хамон сол дастаи Балети санъати нафиса ташкил шуд. Сонитар боз чанд дастахои балет ба вучуд омаданд. Балети хозиразамони Академияи санъати ракси Мексика, Балети фолъклории Мексика, ки он аз соли 1963 Балети панч китъаи олам ва аз соли 1971 Балети фольклори байналхалки ном дорад. Аз соли 1950 cap карда дар Мек­сика балетхои европоиро намоиш медиханд. Солхои 1952—1968 Балети концерти (аз ибтидои солхои 70-ум номаш Балети классики) ном дастае амал мекард, ки он балетхои европои ва миллиро ба сахна мегузорад.

Кино. Аввалин фильми бадеи дар Мек­сика соли 1905 ба навор гирифта шуд.

Солхои 10—20 фильмхои мазхакави ва лирикии кутонметраж офарида шуданд. Солхои 30 дар баробари пай­до шудани фильмхои овоздор ки­нои милли бештар равнак ёфт, фильмхои гуногуни мазхакавию мусики (бо иштироки хофизони машхур) истехсол шуданд. Фильмхои солхои 30 ихтилофхои ичтимои, вокеахои революционии таърихи мамлакатро инъикос мекунанд. Хамкори бо кинематографистони совети (бо сардории С М. Эйзенштейн) дар истехсоли фильми «Зинда бод Мекси­ка» (1931—32) барои ходимони кинои Мек­сика вокеаи бузурге буд. Солхои 40 эчодиёти режиссёр. Э. Фернандес ба тамоми чахон машхур шуд: «Ма­рия Канделярия» (1944), «Гавхар» (1947), «Рио Эскондидо» (1948), «Дехотидухтар» (1949) ва г. С. 1946 дар М. яке аз барчастатарин режиссёрон — Л. Бюнюзль (аз Испания) кор карда, фильмхои «Фаромушшудагон» (1950), «Назарин» (1958), «Виридиана» (1960) ва г.-ро офарид. Бехтарин асархои санъати кинои с-хои 50—70 М.: «Решено» (1955), «Тараумара» («Пешгуи», 1974), «Педро Парамо» (I960), «Эмилио Сапата» (1970) ва г.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …