Маълумоти охирин

МЕКОНГ

mekongМЕКОНГ, дарёи калонтарини нимчаз. Хиндухитой. Аз хоки Хитой, Лаос, Кампучин ва Вьетнам чори шуда, кисман сархади байни Ла­ос ва Бирмаю Таиландро ташкил медихад. Тулаш 4500 км, масохати хавзааш 810 хазор км2. Аз К-кухи Тантлан кухсори Тибет cap шуда, ба б. Чануби Хитой мерезад ва делтаи хеле васеъро (кариб 70 хаз. км2) хосил мекунад. Чараёни боло ва миёнааш аз дарахои чукури остонадор, поёнаш — аз хамвории васеи аллювиали чорист. Манбааш асосан бо­рон, дар болообаш низ барф. Сарфи солонаи об дар чараёни поёни дар август то 30 хаз. м*/сон, апр.—1500 м*/сон. Сатхи об дар давоми сол 10— 15 м баланду паст мешавад. Аз обоварди дарьё делта хар сол 80—100 м васеъ мешавад. Шохобхояш аз рост — Мун, Тонлесап, аз чап — У, Тхэн, Сан. Бахор ва тобистон пуроб мешавад. Аз резишгохаш 700 км, дар давраи серобиаш 1600 км (то ш. Вьентьян) киштигард; киштихои бахри то ш. Пномпень (350 км) шино мекунанд. Дарьё аз мохи бой аст; тимсох низ вомехурад. Дар сохилхои Меконг шахрхои Луангирабанг, Вьенть­ян (Лаос), Пномпень (Кампучия) вокеанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.