Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕХРОБИ ИСКОДАР

МЕХРОБИ ИСКОДАР

МЕХРОБИ ИСКОДАР, мехроби кандакории чубини асри 10 аз дехаи Искодари райони Айни. Соли 1925 М. С. Андреев ёфтааст (холо дар Музеи муттахидаи республикавии таърихи- кишваршиноси ва санъати тасвирии ба номи Бехзод, Душанбе). Хар чузъи кандакориаш композицияи мураккаби ороиширо (накшхои хан­даси, лавхаи мунаббаткори, катиба ва г.) дар бар гирифтааст. Дар накшунигори мехроб усулхои ороишии чоркалид, ишкелбанд, мавч, доира, себарга, ислими, аждар ва катибахои куфи истифода шудаанд. Токи мехроб нимгунбази, дар болояш куббаи сурхрангдорад. Ду пахлуи мехр­обро сутунчахои кузагии бошадор оро медиханд. Усули кандакории Мехроби Искодар ба осори кандакории Зарафшони Боло ва Чоркух каробат до­рад. Мехроби Искодар дурдонаи санъати ороишию амали буда, намунаи олии хунари устохои точик аст.

М. Рузиев.

Дар борамон

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …