МЕХРИИ ХИРОТИ (соли таваллуд номаълум—ваф. такр. 1449, Хирот), шоираи точик. Шахси сохибмаълумоте будааст. Бо дарбори Шохрух (1405—47) ва махсусан завчаи Шохрух. Гавхаршодбегим робитаи наздик дошт. У зани часур, фошгу ва хачвнигор буда, ба ин сабаб аз тарафи Шохрух ба зиндон партофта шудааст. Баъди озод шудан аз зиндон робитаашро аз дарбор тамоман канд. Мехрии Хироти шоираи сохибдевон аст. У тамоми газалиёти Хофизро чавоб гуфта, дар газалу рубои, китъа ва хачв бехамто будааст. Мавзуи ашъори Мехрии Хиротиро вазъи гуломонаи занони Шарки давраи феодали, эътирози сахти мукобили нобаробарии ичтимои, танкиди иллатхои чамъияти ва васфи ишк ташкил медихад. Ба Мехрии Хироти маснавии хурдеро низ нисбат додаанд, ки дар он ба тарзи саволу чавоб тавсифи маъшука дода шудааст.
Ад.: Гулшани адаб, ч- 3, Д., 1976.
А. Афсахзод.